Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:14

Эмомалӣ Раҳмон: Дар даҳ соли ахир табодули мол миёни Тоҷикистону Эрон панҷ маротиба афзоиш ёфтааст

13 феврал 2012, 04:03

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта унвонии президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи шодбошӣ ба муносибати 33-юмин солгарди инқилоби исломии он кишвар ирсол намуд.


Дар номаи табрикотии Раҳмон аз ҷумла омадааст:
Ҷаноби Олӣ
Шумо ва мардуми шарифи Эронро бо солгарди ҷашни инқилоби исломӣ самимона табрику таҳният мегўям. Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон робитаҳои фаъоли гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша пураҳамият ва арзишманд медонанд. Гузаштаи пурифтихори таърихӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва динии муштарак аз муҳимтарин омилҳоянд, ки Тоҷикистону Эронро дар як ҳавзаи тамаддунӣ қарор медиҳанд ва заминаи заруриро барои ҳамгироии бештар фароҳам месозанд.
Зимни равобити пурсамар ва густардаи иқтисодӣ дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар зиёд шуда, сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб афзудаанд.
Дар ин росто натиҷаҳои сафари расмии Шумо, ҷаноби Олӣ, ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли гузашта ва тавофуқоти тозае, ки дар мулоқоти сатҳи олӣ ҳосил шудааст, аз оғози марҳалаи нави тавсеаи равобити густурдаи кишварҳои мо башорат медиҳанд.
-Бо умеди тавсеаи рўзафзуни муносиботи ҳасана ва бо ибрози табрикоти муҷаддад ба Шумо, ҷаноби Олӣ, тансиҳатию комёбиҳо ва ба мардуми Эрон амну субот, саодату шукуфоӣ орзумандам,-омадааст дар поёни барқияи президенти Тоҷикистон.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!