Бахшҳо

Ш.Зуҳуров: Ҳамкориҳо мо бо парлумонҳои хориҷӣ тақвият меёбанд

Имрӯз (13-уми феврал), таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои МН баргузор гардид.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, зимнан лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи таҳсилоти  иловагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ афзуд, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, ба як қатор қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Парлумони Ҷумҳурии Арманистон, Ассамблеяи миллии Маҷлиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон, Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Верховная Радаи Украина, Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Палатаи намояндагони Парлумони Ҷопон» тағйирот ворид карда, ҳамзамон ташкили Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия, Парлумони (Сейми) Ҷумҳурии Латвия, Парлумони Ҷумҳурии Финляндия, Парлумони Ҷумҳурии Муғулистон ва Парлумони (Сейми) Ҷумҳурии Литваро барои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишварҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи Шӯро изҳори назар карда, хостори тақвияти ҳамкории Гурӯҳҳои дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ шуд. Мавсуф ҳамчунин бар ҷоннок кардани ин равобит таъкид намуд. Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда, вакилон Саиди Ёқубзод, Марҳаббо Ҷабборова ва Олим Салимзода фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)