Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

Тими миллии футболи Тоҷикистонро Кемал Алиспахич ба Туркия бурд. Барои тамрин

13 феврал 2012, 06:48

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол озими Туркия шуд.


Тавре Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби кишвар дар Анталияи Туркия имрӯз-13-уми феврал таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Кемал Алиспахич, мутахассиси 46-солаи босниягӣ  шурӯъ шуд.

Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин тамринҳо 21 футболбоз шомиланд. Нафари 22-юм, Нуриддин Давронов (нимҳимоятгари тими «Истиқлол») рӯзи 16-уми феврал ба Туркия меояд.

Маврид ба ёдоварист, футболбозони тоҷик дар Туркия ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Хуҷанд (29-уми феврал) ва сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал (8-18 март) омодагӣ мебинанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!