Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:18

Боз 2 ҳамватани мо дар Маскав ба ҳалокат расиданд

13 феврал 2012, 10:51

Аз  шаҳру вилояти Масква  ҷасади ду тоҷикро ба ватан оварданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, тайи чанд рӯзи ахир дар шаҳру вилояти Масква риштаи ҳаёти чанд тан аз тоҷикистониён канда шуда.

Бино ба қавли манбаъ, Рӯзи 8-уми феврали соли равон ҷасади Сино Раҷабови  27- сола, сокини вилояти Хатлон, шаҳраки Восеъ, кӯчаи Мир дар хиёбони Покровский Булвари шаҳри Масква дарёфт гардид. Натиҷаи ташхиси тиббӣ-судӣ, нишон дод, ки ӯ аз заҳролудшавии сахт ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳодиса, корҳои тафтишотӣ аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Лефортовои шаҳри Масква идома дорад. Рӯзи 11-уми феврал ҷасади Сино тавассути ҳавопаймо  ба Ватан фиристода шуд.

Ҳамчунин, 11-уми феврали соли равон, барои ёриву мусоидатҳои зарурӣ ҷиҳати интиқоли ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Бадриддин Маҷидов 53- сола, сокини шаҳри Душанбе ба Ватан, ба Сафорат муроҷиат шуд. Тавре маълум гаридид, Бадриддин Маҷидов як сол қабл аз  маҳбас озод гардида, дар шаҳри Истраи вилояти Масква ба сифати бинокор фаъолият миекардааст. Ӯ аз бемории вазнин дар беморхонаи №52 шаҳри Маскав аз дунё гузашта, фиристодани ҷасад ба Ватан баъди натиҷагириҳои тиббӣ сурат хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, рӯзи 15-уми январи соли равон бар асари сӯхтори хонаи чӯбин дар деҳаи Апрелевкаи ноҳияи Наро-Фомински вилояти Масква ду нафар ба ҳалокат расида буданд. Бино ба ташхиси тиббӣ-судӣ ва ирсӣ маълум гардид, ки яке аз фавтидагон шаҳрванди Тоҷикистон Файзулло Қаноатови 42- сола, сокини деҳаи Суҷнаи шаҳри Панҷакент мебошад.Бо хоҳиши хешовандони Файзулло Қаноатов ҷасад дар қаламрави кишвари иқомат ба хок супурда хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!