Бахшҳо

Қазоқистон Тоҷикстандартро аз қайди байналмиллалӣ мегузаронад

Маркази миллии аккредитатсия (бақайдгирӣ)-и ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифтааст, озмоишгоҳҳои агентии Тоҷикстандартро аз қайди байналмилалӣ гузаронад.


Аз агентии Тоҷикстандарт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки ин ниҳод, тибқи як созишнома ният дорад, Тоҷикстандартро барои аъзо намудан ба ташкилоти байналмиллалӣ оид ба аккредитатсия дастгирӣ ва пешбарӣ намояд: «Маркази миллии аккредитатсияи ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ ягона мақомоти салоҳиятдор оиди аккредитатсияи озмоишгоҳҳосту аз тарафи Ташкилоти байналмиллалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ваколат гирифтааст, боз 3 озмоишгоҳи дастгоҳи марказӣ ва марказҳои вилояти Суғду Хатлонро низ аз рӯи талаботи стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025:2007  аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад».

 

Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки феълан намояндагони ин ташкилоти байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони маркази миллии аккредитатсияи Қазоқистон дар агентии Тоҷикстандарт ба гузаронидани ташхиси озмоишгоҳҳо машғул буда, баъди анҷоми он тавсия ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ пешниҳод хоҳанд намуд. Дар робита ба ин, масъулини агентӣ низ гузаронидани корҳои аккредатсиониро дар озмоишгоҳҳои маркази Тоҷикстандарт дар ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва дигар марказҳои зертобеи худ амалӣ менамояд. Тоҷикстандарт тасмим гирифтааст, ки марҳила ба марҳила ҳамаи 14 озмоишгоҳҳои марказҳои зертобеъи худро, ки дар манотиқи гуногуни мамлакат фаъолият доранд, аз ин аккредитатсия гузаронад. Масъулини агентии Тоҷикстандарт мегӯянд, пас аз гузаштани ин тартибот хулосаҳои протоколии озмоишгоҳҳои номбурдаро 70 мақомот аз 58 давлати мутараққии ҷаҳон эътироф мекунанд, ки ин барои дохил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо самараи хуб медиҳад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)