Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Хуҷанд ҳам роҳбарияти ФФ-ро дар шаҳр иваз намуд

15 феврал 2012, 04:22

Дар шимоли кишвар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд баргузор  гардид.


Онро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилоят Рустам Марофиев ифтитоҳ кард.Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иштирокчиёни ҷаласа нахуст ҳисоботи муовини аввали раиси Федератсияи футболи шаҳр Махкамҷон Махкамовро шуниданд. Вай дар бораи бурду бохти соҳаи футбол ва футболбозони маркази вилоят ҳарф зада арз дошт, ки соли рафта дастаи   футболбозони маркази вилоят ба як қатор дастовардҳо ноил шуданд.

 

Аз ҷумла соли рафта дастаи  фуболбозони шаҳр дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Мегафон» таҳти шиори «Оянда аз ту вобаста» ширкат карда, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаи байналхалқиро пайдо кард.

Манбаъ афзуд, аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласа иштирокдорон якдилона раиси шаҳр Раҷаббой Каримовро раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб карданд. Номбурда дар назди масъулин вазифагузорӣ кард, ки на ин ки футбол, балки тамоми намудҳои варзиш дар шаҳр бояд пеш равад. Вай дастур дод, ки дастаи мунтахаби футболи шаҳр бояд на ин ки дар лигаи вилоятӣ, балки дар лигаи олии мамлакат баромад намояд.

Зимнан, дар ҷаласа роҳбарияти Федератсияи футболи шаҳр низ интихоб шуданд. Илҳом Бобоев, сарвари кулли КМ «Сатн», муовини аввали раиси федератсия, роҳбарони мактаби варзишӣ-бачагони шаҳр Ином Муҳиддинов ва Махкам Махкамов, ҳамчунин соҳибкор Анвар Саидмуродов, муовинони раиси федератсияи футболи шаҳр интихоб шуданд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!