Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:39

Ҷоми ФФТ: 45 ҳазор сомонӣ маблағи ҷойизаи аввалин аст

14 феврал 2012, 08:59

Дар Душанбе бошад, имрӯз даври дуюми сабқат барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Автомобилист» сурат мепазирад. 


Тавре Раҳмон Муртазоев, як масъули шӯъбаи баргузарии мусобиқоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин навбат тими ССКА «Помир» бо дастаи «Хайр», «Локомотив» бо дастаи «Гвардия» ва «Регар-ТадАЗ» бо тими «Энергетик» миёни ҳам рақобат мекунанд.

Ёдрас менамоем, даври якуми сабқат бо чунин натиҷа ба анҷом расида буд: «Шодмон» - «Гвардия» - 1:1, ССКА «Помир» - «Энергетик» - 1:2,  «Локомотив» - «Регар-ТадАЗ» - 0:3.

Муртазоев илова намуд, ки  бозиҳои минтақаи Душанбе дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахти кишвар то рӯзи 24-уми феврал идома хоҳанд кард. Дар ин минтақа ҳафт даста (шаш дастаи лигаи олӣ – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Энергетик»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат, «Шодмон»-и Ҳисор, «Гвардия»-и Душанбе ва як тими лигаи якум – «Локомотив»-и Душанбе) ширкат доранд. Чор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба бозиҳои ниҳоие, ки аз 5-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳхат мегирад. Ғайр аз ин тимҳо, ду дастаи беҳтарин аз вилояти Суғд ва ду тими беҳтарин аз вилояти Хатлон дар мусобиқаи ниҳоӣ иштирок мекунанд. Маблағи ҷоизаи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои мақоми дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои зинаи сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Даври 3-юми сабқат рӯзи 16-уми феврал миёни тимҳои «Гвардия» - «Регар-ТадАЗ», «Хайр» - «Локомотив», «Шодмон» - ССКА «Помир» баргузор мегардад


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!