Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Ҷаласаи нахустини саҳҳомони НБО-и Роғун дар Душанбе

26 май 2011, 05:27

Дар Душанбе дар бинои «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи нахустини саҳмдорони ҶСК  «НБО-и Роғун» идома дорад.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз шӯрои нозирон ин ҷамъият иттилоъ доданд, барои ширкат дар ин нишаст аз саросари кишвар намояндагони саҳҳомон ташриф овардаанд.Ин ҷаласа, ки нахустин бор сурат мепазирад, 11-масъалаи марбут ба эҳдосу маблағгузории нерӯгоҳи Роғунро аз қабили: дар бораи ҳисобот оид ба фаъолият ва баҳисобгирии муҳосибавӣ, хулосаи  комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати харҷи маблағи фурўши саҳмияҳо  ба бахши хусусӣ ва маблағҳои кўмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони "НБО-и  Роғун" ҷамъшуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҶСК «НБО Роғун»,  оид ба тасдиқи аудитори ҶСК «НБО-и Роғун» ва подошпулии он ва ғайраро баррасӣ мекунад.

Ёдрас менамоем, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва  бунёди НБО-и Роғун ҳудуди 2 миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.Тибқи иттилои вазорати молия, Тоҷикистон аз соли 2008 ба ин сӯ дар корҳои сохтмонии иншооти мазкур 350 миллион доллар маблағ сарф кардааст, ки аз ин миқдор 310 миллиони он аз буҷаи кишвар ҷудо шудааст. НБО-и Роғун шаш чарха (агрегат) дошта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтанаш бояд 3,6 ҳазор Мвт барқ тавлид намояд. Баландии сарбанди дарғот тибқи лоиҳа 335 метр аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!