Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Боздошти як қазоқ бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон

14 феврал 2012, 09:39

Дар шимоли кишвар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон бо иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимнан дар пайи як амалиёти вижаи кормандони милиса дар ҳудуди ҷамоати  Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров, Руслан Богатирев боздошт гардид,ки ӯ санаи 28 январи соли 2011 дар кӯчаи Репини шаҳри Хуҷанд ба шахси боваринок 1 адад халтаи синтетикиро, ки дар дохилаш 10 адад бастаҳои дар дохилашон маводи хокаю ғурӯшамонади бӯи махсус доштаро барои бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Қазоқистон интиқол додан медиҳад.

Манбаъ гуфт, шахси боваринок бошад , маводҳои мазкурро ба кормандони милиса ихтиёрӣ оварда супоридааст. Мувофиқи маълумотномаи БТК ШКД маводи мазкур навъи ҳероин дар омехтагӣ буда, вазни хоси он  10 кг 05 граммро ташкил намудааст.

Оиди ин ҳодиса, нисбати Руслан Богатирев парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200, қисми 4 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!