Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Ш.Раҳимзода: Мо барои ҳамкорӣ бо Олмон ҳамеша омодаем

15 феврал 2012, 04:44

Дар Душанбе мулоқоти Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо хонум Дорис Хертрампф, сафири ҷумҳурии Федеролии Олмон баргузор гардид.


Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон»  иттилоъ доданд, зимни ин ҳамоиш масъалаи рушди муносибатҳои гуогунҷабҳаи ҷонибҳо ва омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Манбаъ афзуд, Дорис Хертрампф , Шариф Раҳимзодаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдо табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Олмон ривоҷ хоҳанд ёфт. Дар навбати худ Шариф Раҳизода барои табрикот ва робитаҳои гуногунҷанбаи ҷониби Олмон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ арзи миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла бо ҶФО робитаҳои иқтисодиашро густариш диҳад: « Махсусан, мо омода ҳастем, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати бунёди ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон ҳамкориро вусъат диҳем».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!