Бахшҳо

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ба ташхиси НБО-и Роғун таваҷҷӯҳ доранд

Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо Теодор Алерс ва сарвари нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, Теодор Алерс дар оғози сӯҳбат директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба   Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.
Зимнан, дар нишаст аз дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Қайд гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 190 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии  Бонки ҷаҳонӣ 14 лоиҳаи муҳим амалӣ мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ, асосан рушди Тоҷикистонро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика дастгирӣ менамояд.
Ба иттилои Теодор Алерс, миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ боз 4 лоиҳаи дигар бо маблағи 48 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расидааст, ки татбиқашон соли равон оғоз меёбад ва ин нисбат ба грантҳои дар соли 2011 ҷудошуда 10 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, таваҷҷӯҳи зиёд, ҳамчунин ба ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид.
Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ҳарду ҷониб ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба кам кардани талафоти техникии нерўи барқ, таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии барқ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон омодагии устувори худро таъкид доштанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)