Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

ФБҶСС ва ҲА ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар бахши муҳоҷират низ

15 феврал 2012, 06:45

Дар мулоқоти муовини аввали раиси МН Амиршо Миралиев бо масъулони Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дирӯз, 14 – уми феврал баргузор гардид, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва ин ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.


Тибқи иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов, Амиршо Миралиев зимни сӯҳбат бо роҳбари барномаҳои аврупоии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Евгений Парфенов, роҳбари намояндагии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон Эрик Мишел Селйе ва Дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ҷиҳати тақвияти муносибот байни кишвари мо ва ин идораҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фароҳам аст. Зимнан таъкид гардид, ки дар мулоқоту вохӯриҳои мақомоти олирутбаи Тоҷикистон бо намояндагону масъулони ФБҶСС ва ҲА, бахусус Котиби генералии ин ниҳод ҷаноби Бекеле Гелета, сардори шӯъбаи аврупоии ФБҶСС ва ҲА хонум Аннита Ундерлин, роҳбари намояндагии ФБҶСС ва ҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрик Мишелл Селлер нишонаи эътирофи фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҷумҳурии мо мебошанд.

-Нашри моҳномаи муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ, ки мунтазам ба ниҳодҳои марбутаи кишвари мо дастрас мешавад, барои ошноии мардум бо фаъолиятҳои гуногунсоҳаи ин созмонҳои ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад,-гуфт Миралиев.

Ҳамзамон, роҳбари барномаҳои аврупоии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Евгений Парфенов сатҳи ҳамкории Федератсияи  мазкур бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъкунанда арзёбӣ намуда, ҳамзамон ба истифодаи имконоти мавҷуд ҷиҳати таҳким додани ин равобит таъкид кард: “Федератсия мақсад дорад имсол ва солҳои минбаъда низ  фаъолиятҳои худро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷоннок намояд. Аз ҷумла мо ният дорем, фаъолиятамонро дар самтҳои  пешгирӣ аз офатҳои таббиӣ, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон пурзур намоем”.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!