Бахшҳо

Восеъ: Таъмиру тармими 42 км роҳ ба анҷом расид

Дар ноҳияи Восеъ барои таъмиру нигаҳдорӣ ва истифодабарии роҳҳои нақлиётгард диққати махсус дода мешавад.

Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард дар ин маврид нақши муҳимро иҷро карда меояд. Аз аввали сол инҷониб кормандони ҳамин муассиса 42-километр роҳҳои байналмиллалидоштаро, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад, аз таъмири ҷорӣ ба маблағи наздик ба 42-ҳазор сомонӣ бо сифати баланд бароварданд.

Дар ҳамин ҳол, муассиса ҳамагӣ 273-километр роҳҳои автомобилгардро нигаҳдорӣ дорад, ки аз он 67-километраш роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 164-километри дигар аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Таъмири роҳҳо сари вақт ба анҷом расонида шуда, аломатҳои роҳ низ мунтазам иваз карда мешаванд.

Қурбон Ҳикматуллоев, сардори муассиса мегӯяд, маблағгузорӣ барои таъмиру нигаҳдории роҳҳо аз ҷониби вазорати нақлиёт дар вақти муайян пардохт мешавад. Гузашта аз ин, ҳукумати маҳаллӣ ҳам аз фаолияти корхона розӣ буда, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҳамасола кумаки пулӣ карда меояд.

Маврид ба зикр аст, ки аввали ҳамин моҳ дар ин муассиса семинари ҷумҳуриявии кормандони соҳаи роҳу нақлиёт баргузор гардида, дар он вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъро муассисаи намунавӣ эълон намуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)