Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Шаҳрдорӣ: Ба ҳукумати пойтахт не, ба Агентии сохтмону меъморӣ муроҷиат намоед

15 феврал 2012, 07:11

Ахиран дафтари матбуотии мири шаҳри Душанбе дар мавриди интихоби лоиҳаҳо рӯшанӣ андохт.


Дар баёнияи матбуотии он аз ҷумла омадааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба идомаи тарҳрезии бунёди комплексҳои меъмории иншоотҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои ҳамшафат ва фарогири майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, ки бар асоси он нисбати азнавсозӣ ва дар заминаи иншооти мавҷудаи Почтаи марказӣ, Кохи Ҷомӣ, бинои вазорати кишоварзӣ ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» пешбинӣ намудани бунёди иншооти ҳукуматӣ, ба иттилоъ мерасонад, ки барои интихоби лоиҳаҳои дахлдор бо ин мақсад озмун на аз ҷониби шаҳрдорӣ, балки аз тарафи  Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Дар ин равобит шаҳрвандон нисбати дарёфти иттилоъ оид ба мушаххасоти масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳашон метавонанд, унвонии Агентии мазкур муроҷиат намоянд.

-Новобаста аз натиҷаи озмуни эълонгардида, сохтмони дилхоҳ иншоот дар марзи пойтахт танҳо мутобиқи Нақшаи генралии шаҳр ва тасҳеҳи он бо риояи ҳатмии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар роҳандозӣ карда мешавад,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!