Бахшҳо

Лоиҳаи Қонун дар бораи матбуот. Кӣ чӣ пешниҳод дорад?

СҶ «Журналист» рӯзи 16-уми феврали соли равон таҳти унвони «Баррасии пешниҳодҳо ба лоиҳаи Қонуни ҶТ дар бораи воситаҳои ахбори омма» мизи мудавар багузор менамояд.


Қироншоҳ Шарифзода, райиси ташкилоти мазкур дар ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, ҳадафи ин нишаст, мусоидат намудан ба такмили лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» мебошад, ки тӯли ду соли охир мавриди баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қарор дорад. Гуфтанист, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ (14 декабри с.1990) қабул шуда, то имрӯз чандин маротиба ба тағйиру иловаҳо мувоҷеҳ гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, мутаассифона, тағйиру иловаҳои воридшуда низ, қонуни бунёдии соҳаи ВАО-ро ба талаботу ниёзҳои ҷомеаи демократӣ ҷавобгӯ нанамудааст: “Ташаббуси вакилони МН, Олимҷон Салимзода ва Акрамшо Фелалиев дар амри омода намудани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав, аз ҷониби ҷомеаи журналистӣ бо хушиву умедвории зиёд истиқбол гардид, ки баҳсу мунозира, ироаи дархосту пешниҳодҳои фаровон дар нишастҳо ва тавассути саҳифаҳои матбуоти даврӣ, далолат ба ин аст: «Вале ҳамоно ба андешаи худи журналистон ва соҳибназарон ворид намудани тағйиру иловаҳои ҷиддӣ ба қонуни бунёдии соҳа, ба хусус дар масъалаҳои танзими бақайдгирии ВАО, ҳуқуқи журналистон ба дастрасӣ ва ҳифзи манбаъҳои иттилоот, ғайриҷиноӣ гардонидани таҳқиру тӯҳмат дар ВАО, ки аз арзишҳои демократии санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, имрӯз амри зарурӣ гардидааст».

Гуфтанист, ба “Мизи мудаввар” ҳудуди 25 нафар аз ҷумлаи вакилони МН МО ҶТ, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи президент, ниҳодҳои ҳукуматӣ, журналистон ва коршиносони соҳа даъват гардидаанд. Дар нишаст пас аз шунидани гузориши вакилони МН МО ҶТ  Олимҷон Салимзода, Акрамшо Фелалиев ва маърӯзаи ҳуқуқшинос Иноят Иноятов, баҳсу мунозира, табодули афкор перомуни зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» сурат мегирад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)