Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:06

Маросими видоъ бо сарнишинони чархболи суқуткарда. Дар Донишгоҳи низомии Тоҷикистон

15 феврал 2012, 11:45

Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа кишвар маросими видоъ бо хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи суқути чархбол ба халокат расида буданд баргузор гардид.


 

Тавре аз дафтари матбуоти ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин маросим ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии сохторҳои қудратии мамлакат, афсарону масъулини дастгоҳи марказии Вазорат ва Ситоди Генералии қувваҳои Мусаллаҳ, низомиёни дигар мақомотхои кудратӣ, наздикону пайвандони фавтидагон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, маросими дафн тибқи анъанаи низомиён бо ёдоварӣ аз корнамоию фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ҷараён гирифт. Расми гузашти харбӣ ва бо садо «Оҳанги мотам»-и оркестри ҳарбӣ-нафасӣ доир карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11-уми феврали соли равон дар минтақаи Зобули ҷумҳурии Исломии Афғонистон чархболи МИ-8, ки ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошт суқут кард. Дар натиҷаи он, подполковник Грудин  Вадим Вячеславович, майор Ҷӯраев Бахтиёр Темурхонов, лейтенанти калон Амирбеков Хушнуд Куканбекович, хатмкардаи Академияи миллии мудофиаи Ҳиндустон ва лейтенанти калон Азизулло Мансуров, хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии ҳавопаймоии шаҳри Сизрани Федератсияи Русия, ки ҳамаи онҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба халокат расиданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!