Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:32

Бозори «Саховат» ҳам соҳиби гузаргоҳи зеризаминӣ мешавад

16 феврал 2012, 03:31

Шаҳрдорӣ барои сохтмони боз як гузаргоҳи зеризаминӣ дар пойтахт озмун эълон менамояд.


Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳри Душанбе дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дода афзуд, ҳукумати пойтахт ҷиҳати дастгирии соҳибҳкорӣ ва фароҳам овардани шароитҳо дар иштироки субъектҳои соҳибкорӣ ба татбиқи барномаҳои сохтмонии шаҳрдорӣ, ки бо ин васила барои нуқтаҳои савдои бунёдшаванда ҳуқуқи соҳибмулкӣ пайдо менамоянд, аз 15 то 25 феврали соли 2012 лоиҳаи сохтмони иншооти гузаргоҳи зеризаминии пиёдагардон дар кӯчаи Н. Қарабоев, назди бозори «Саховат»-ро барои сохтмони инфиродӣ ё худ дастаҷамъона ба озмун мегузорад.

 

Иншоот дорои чунин нишондиҳадаҳои лоиҳавӣ мебошад:

_ масоҳати умумӣ 2266 м 2

- дарозии нақбӣ 60,7 м;

- паҳмӣ 12.80 м;

- баландӣ 3 м;

- миқдори зинапояҳо 10 адад;

- миқдори нуқтаҳои савдо 25 адад;

- нуқтаи нозири минтақавӣ 1 адад;

- нуқтаи хизматрасониҳои муҳандисӣ 2 адад;

Маблағи умумии сохтмони иншоот тибқи харҷномаи лоиҳа 20175,73 ҳазор сомонӣ. Мӯҳлати сохтмон 10 моҳ.

Лоиҳакаши иншоот: КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и Вазорати нақлиёт ва коммунтикатсияи ҶТ.

Фармоишгар: Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе».

Довталабон метавонанд, дархостномаҳоро то 25 феврали соли 2012 барои иштирок дар сохтмон ба суроғаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», кӯчаи Н. Қарабоев 24, ё тавассути почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com иросол доранд.

Телефон барои маълумот: 221-14-45, 221-11-35.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!