Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Таваҷҷӯҳи раис ба хонаводаҳои камбизоат. Дар Суғд

16 феврал 2012, 06:10

Барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2012 қарори марбутаи Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, ҷиҳати дар  амал татбиқ намудани ин қарор ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шудааст, ки барои ташкили самараноки истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар лагеру фароғатгоҳҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳои ба ин мақсад пешбинишударо таъмин намоянд.

Инчунин, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилот сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор гаштаанд, ки истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии дар тобеияташон бударо то мӯҳлати пешбинишуда  омода намуда, истироҳати мактаббачагонро дар 3 баст ташкил намоянд.

Маврид ба ёдоварист, дар лагерҳои беруназшаҳрӣ бачагони болаёқат аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!