Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Даҳ васияти Эрве Базен

16 феврал 2012, 06:51

(Андар боби оила ва рисолати волидон)

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Пас, ҳақиқат дар гуфтаи Эрве Базен намоён аст. ӯ хирадмандона ҳадс мезанад, ки "дар вазъу ҳолатҳои хеле таҳаммулнопазир, ки ду ҷониб ба гунаи иҷборӣ, дигар ҳеч илоҷи бо ҳам зистан надоранд, ба бекор шудани хатти ақди никоҳ розигӣ медиҳанд. Ва хароб мешавад хонадоне, ки бас талхиву шириниҳои рӯзгорро якҷо бо ҳам аз сар гузаронидааст. Ва аммо мо, бояд ҳамагон некӯ фаҳму дарк намоем, ки ҷудо гардидан (талоқ додан) ҳеч гоҳ проблемаву мушкилоти оилавиро ҳал нахоҳад кард".

Инак, ҳамон суоли дилбазан ва борҳо такроршуда мағзҳоро такон медиҳад: чаро оилаҳо вайрон ва падару модарон ҳайрон ва тифлакони бегуноҳу аз оламу одам бехабар гирён мемонанд? Чаро охир?! Ба ақидаи инҷониб, аввалан гуноҳ сари волидайн қарор дорад, чун эшон (аксаран!) на аз маърифати исломӣ бархӯрдоранду на аз ҷаҳонбиниву фаҳмишу баҳадафи печидаҳои зиндагӣ. Дуввум, худи ҷавонон (чӣ писарону чӣ духтарон) дар маҳдудаи танги музофотӣ андешидаву афкор доранд. Бинишу тафаккури бештари инон ҳамчунон омиёна буда, ба истиснои гурӯҳи кӯчаке, в-он дигарҳошон зиндагиро на василаи маърифату хирадварзӣ, балки айшу фароғати бемуродона ва лаҳзагӣ мепиндоранд.

Саввум, сиёсати парҳезу иҷтиноб варзидан аз умламову рӯҳониёни саршинос, ба дурӣ нигоҳ доштани онон, ки бас соҳибтафаккуру донишманданд ва бо амрҳову вазъҳои ҳакимонаи хеш, ки баргирифта аз оёту аҳодиси набавиянд, метавонанд ба мушкилоти хонабарандозиҳои ҷавонон расидагӣ кунанд. Чаҳорум, Кумитаи оила ва занони ҷумҳурӣ, созмонҳои бешумори "оилашинос" дар ҳалли масоили буғранҷи оилаҳои тоҷик амалҳои ҷиддӣ ва гомҳои созанда аз сар бигиранд. Ҳисоботу барномасозӣ, факту рақамшуморӣ, ки ин қадар оила бунёд шуду в-он қадар вайрон гардид, ҳадди ниҳоии баррасии мушкилоту мураккабиҳои оилавӣ шуда наметавонад. Панҷум, ваҷҳу омилҳои сар задани низоъҳои оилавӣ ва харобии оилаҳо амиқан таҳлил карда шавад.

Инак, ҳамоно суханони Эрве Базен ҳушмандона садо медиҳад, ки "барои Инсони комил ҳеҷ бахте болотару созгортар аз он нест, ки дар хонадони худ, бо ҳамсару фарзандони хеш, дар гирди хони мамлӯ аз нозу неъмат, бо хандаву хушҳолӣ ва масаррати бепоён, ки Худо лоиқашон дидааст, зиндагии хоксоронаву шоистаро барпо доранд. Бахти дуввуму саввум ҷуз фасонаеву дурӯғ ва сароб фиребе беш нест. Поянда бод, як зиндагӣ бо бахти аввал".

...Дар ҳаёт як қонуни тарбият вуҷуд дорад, ки онро файласуф Мишел Монтен ташреҳ дода: "Ҳар он чиро, ки дар раванди тарбия ба василаи ақлу тафаккур ба даст оварда наметавонӣ, бо истифода аз зӯрию фишор ва қувва ҳеч гоҳ ба он комёб нахоҳӣ шуд".

Зимнан, Эрве Базен ба ин гуфтаи ҳакимонаи Монтен андарзи худро изофа мекунад: "Агар Шумо ба фарзандонатон ҳурмату эҳтиром гузоред, фарзандонатон низ ба шумо иззату икром хоҳанд гузошт".

Инак, он васиятҳо!

1. Фарзанд ба чӣ гунае, ки кирду рафтор намояд (хоҳ хуб, хоҳ бад) он намои ростини худи туст. Зебову қашанг, банерӯву қувват, боақлу тафаккурманд, тансиҳату солим ва ё баръакси ин. Дар ҳама ҳолат, он фарзанд решаи ту буда, бароят ҳамвора азизу меҳрубон ва нозпарвард мемонад. Мо ҳамаи фарзандонамонро як хел дӯст хоҳем дошт. Аммо ҳеч гоҳ ин таъбирро овезаи гӯши худ насозеду чун нобиноён ба он сидқан эътимод наварзед, ки гуфта: "Падар чӣ хеле, ки бошад, фарзанд низ ҳамон хел ба воя мерасад". Дар тарбият набояд ба ифрот роҳ дод.

2. Аз рӯи ҳавову ҳавас ва ё серталабии бисёр ба фарзанд муносибат нанмо. Бо амру фармонҳои дилбазану беҳадаф хотирашро парешону қалбашро мағшуш масоз. Фарзанди кӯчаки ту, ки тадриҷан, пайваста саъю азм мекунад, то роҳи мустақилонаи фаҳмишу биниши худро дар ҳаёт дарёбад, ниёзи мутлақ ба шахсияте дорад, ки баҳри ӯ намуна бошад. Ин шахсият барои фарзанд нақши зина ба зина ба дурустӣ сабзидану ба камол расиданро мебозад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба фаъолияту амалҳои фарзанд билкул назорат ё дахолат накунӣ. Дар навбати худ, ӯро (фарзандро) ба ҷодаи росту мустақим раҳнамоӣ мекунам бигӯиву ба ҳар як рафтору кирдораш хӯрдагирӣ бинмоӣ, ҳар ду майлу пиндори ифротгароёнаи ту ба ҷараёни зиндагии фарзандат бетаъсир нахоҳад монд, зиёда аз ин, барои тарбияти ӯ хатарзо ҳам ҳаст. Баҳри иҷрои ҳар гуна корҳои ҷузъӣ набояд фарзандро азоб додаву сараш фишор орӣ. Бо ба сомон расонидани амалҳои бемуродонаи беҳуда кӯдак дар хештан таҳқиреро эҳсос мекунад. Ин раванд ба шумо охир гарон меафтад, чун фарзандатон баъдҳо рафтор, ё ҳаракоти заруру бамаъниро аз беҳудаву ҷузъӣ наметавонад тафовут намояд. Ва аммо шумо муваззафу масъулед, то монеъи ин бефарқӣ ва бетафовутии фарзандатон гардед. Чунонки дар бозор бе нишондоди нарх (нархнома), шумо наметавонед дар хусуси арзиши воқеии молу коло андеша биронед.

3. Ҳини тарбияти фарзанд ҳеч гоҳ ба танҳоӣ қарор қабул накун. Қоидаи "тиллоии" ҳаёти оилавӣ-ин ҳамоно дугунагии афкор буда, вақте ки падару модар дар зиндагӣ таззоди ҳаманд, барои фарзанд ин омил манзараи бас аҷибу шавқоварест. Дар чунин вазъ тавре ба мушоҳида мерасад, ки фарзанд ба ду қисмат: рост ва чап ҳиссу бахш карда шудааст. Ва нохосту ногаҳонӣ фикре ба мағзи фарзанд хутур мекунад, ки ӯро танҳо як нафар (падар ё модар) офаридааст. Ана ин падидаро вай ҳеч гоҳ ба волидон нахоҳад бахшид.

4. Ба онҳое, ки дар зиндагӣ мухолифи туянд (аз ҳама сӯву ҳама ҷиҳат) эътимоду боварӣ намо, кинситезӣ макун. Агар оила - зинаи нахустини воридшавии ту ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа бошад, пас мантиқан, он марҳалаи зиддияту кашокаш ва низоъҳои аввалин дар зиндагӣ ҳам маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, боястӣ фарзанд ё наврас дар ин санҷишу озмоишҳои мураккаби ҳаёт обутоб ёфтаву истодагарӣ намояд ва мавқеи озодонаву мухтори худро соҳиб гардад ё дарёбад. Баҳри шахсони худписанду мутакаббир, ки битамом шунидан ва ё истимои фикри дигаронро, ки ба онҳо писанду хушоянд нест, таҳаммул надоранд, фарзандон ё номбардорони ба худашон монанд ба воя хоҳанд расид. Ин тоифа волидонро, фарзандон бо чашми кинхоҳию кинатӯзӣ менигаранд. Номбардорони он волидони мағрур дағалу хашин ва бетараҳҳум ба балоғат мерасанд. Фарзандони афроде, ки дар зиндагӣ аз ҳама рӯйдоду падидаҳо розиву қаноатманданд ва ба камбудиву норасоиҳои ҷомеа нигоҳи бефарқ доранд, баръакс ҳақиру оҷиз ва нотавон ба синни бузургӣ қадам мегузоранд.

5. Дар бахши тӯҳфаву савғо - ба ҳеч гуна хароҷоту исрофкорӣ роҳ надодан. Чаро ки дар ин боб тарғибу рекломи фаровони мо - тозиёнавор бар сарамон хоҳад бархӯрду моро дар ҷоямон биншонад. Фарзандони мо низ аз қавли мардумӣ "ба гарданамон савор шуда", ҳама ашёи мавриди ниёзи худро, ки ҳамарӯза таваҷҷӯҳи эшонро ба худ ҷазб менамояд, аз мо талаб менамоянд. Дар ниҳояти кор, мо талаби ононро рад мекунем ва ба ин амали маснӯӣ одат менамоем. Ҳарчанд ки ҷавоби рад додан ба фарзандон, худ қобилияту маҳорати хеле сангинест. Чаро? Зеро моро бо ин амал пешорӯи фарзандон ҳақиру нотавон дар ҷилва меорад. Вале ба ин нигоҳ накарда, суду манфаати бештаре меорад, чун мову фарзандонамонро ба он водор месозад, ки маводу колои заруриву ногузирро аз ашёву чизҳои нодаркору беҳуда тафовут бинмоем. Ҷамъият ба ҳеч кас тӯҳфаву ҳадя арзонӣ намекунад. Ин мо ҳастем, ки олами беҳадду канорро бо одамони ҷавону барно пур мекунем. Ба оламе, ки ба он чун ба волидони худ такя ва паноҳ меоранд, оламе, ки хоҳ-нохоҳ ононро аз худ дур менамояд ва ё бераҳмона силияшон мезанад...

6. Дар ҳама ҳолат бо ибрати шахсӣ амал намо. Ҳама чизро (орзу, омолро...) он гоҳ ба каф меорӣ, ки агар худат, шахсан аз пайи иҷрои он бошӣ. Ман як дӯсти протестант (пайрави мазҳаби католикӣ) дорам, ки ҳеч гоҳ ба калисо намеравад ва лоф мезанад, ки "худам ҳам наравам, фарзандонамро ба он ҷо баҳри ибодат мефиристам". Аммо дӯсти маро он чиз ғарқи ҳайрат бинмудааст, ки фарзандонаш аз ин кор ошкоро эътирозу норозигӣ мекунанд. Ибрати шахсӣ нишон додан, ки дигарон, минҷумла, фарзандонро. Кӣ ба пайравӣ ё тақлиди вижаи ту роҳнамоӣ мекунад, ин ягона василаест, ки обрӯмандат месозад.

7. Перомуни ҷамеи масоили мураккабу ноҳамвори ҷомеа наҳаросида ва боҷасорат ҳарф бизан. Сухан гуфтан - тиллост, сукуту хомӯшӣ - сурб асту бас. Ягона роҳи муҷодалаву сабқат намудан бо садову симо дар шароити кунунӣ он аст, ки бо сӯҳбатҳои ҳакимона ва панду андарзи худ "даҳони он васоити сафсаттафурӯширо бубандӣ". Яъне, он чизеро бигӯӣ ё баён намоӣ, ки дар садову симо комилан мавҷуд нест. Бас ҳолати ғарибу дилзанандаро дар хонаводаҳо ба мушоҳида мегирӣ: бисёр ҳангом дар оилаҳои мо сукуту хомӯшӣ ҳукмфармост, сухану гап ё садои носеҳонаро намешунавӣ. Замоне аз тарси сиёсати қоҳири ҳукуматдорон ҳаросида, дар хонадонҳо ҳарфе ба забон намеоварданд, кунун аз танбаливу коҳилӣ. Аммо маҳз дар хусуси оила метавон изҳор кард, ки "Аввал дар рӯйи замин калом (-и Худо) буд!". В-агар дар ин олами тирарӯй, ки аз садҳо ҷониб садоҳои мухталифи одамӣ шунида мешавад, садои Шумо баланд намегардад ё маҳв мешавад, он гаҳ дар хонадонатон шумо танҳо бо бачаҳои ба "маризии радиоӣ" гирифторшуда, ки орӣ аз фаҳму дарк ва шууру тафаккуранд, сарукор хоҳед дошт. Гап занед, бачаҳоро низ ба сӯҳбат бикашед. Дар бораи кору пешаатон, машғулияти худи онон, рӯзгори хонавода, духтари амак ё аммаатон ва ғайраи дигар бо рағбат баҳсу муҳокимаҳо намоед. Лозим шавад, ҳини баҳсу андешарониҳо ғавғо бардоред...

8. Бо пайвандон ва наздиконат муттаҳиду муттафиқ шав! Хонавода ё оила - ин шабеҳи ҷумҳурии шахсист. Ҳама кору амалҳоро дар ин ҷумҳурӣ бояд дар заминаи маслаҳату машварати ҳамдигарии аъзои он анҷом дод. Корҳои рӯзмарра, шустани зарфҳо, харид аз мағозаву бозор, рӯфтучин, машғулиятҳои фароғатӣ, бозиҳо ва саёҳат бо қатор, бо ҳамин шеваю наҳва боястӣ амалӣ гарданд. Дар ҳолати ногузирӣ масъалаи мушкили хонаро ба овоз монед. Бигузор, аксарияти узви хонадон дар овоздиҳӣ пирӯзӣ ба даст оранд. Як ё ду нафари мағлуб рӯҳафтода нашаванд, зеро онҳо муҷрим ҳам дониста намешаванд. Ғолиб метавонад "ҳукуматро" соҳиб гардида, баҳри иҷрову ба сомон расонидани ину он кору бори рӯзгор ба аққалиятҳо, масалан, Пер ё Мартин вазифаи масъулиятнок бисупорад. Ин амал роҳи дуруст ва саҳеҳе мебошад, ки он ду нафар (Пер ва Мартин) хештанро на чун дар меҳмонии волидон, балки дар хонадону оилаи худашон эҳсос намоянд.

9. Дарро ба рӯйи фарзандонатон кушодаву боз намоед. Муддатҳои тӯлонӣ мо побанди фикре будем, ки бо чашмони доимо бозамон бояд ҳаракату рафтори фарзандонамонро аз мадди назар дур нагузорем. Аз амалҳои онон чашм пӯшидан ҳам лозим нест. Вале нигоҳи худро танобвор аз думболи фарзандон равона сохтани ҳар як қадаму ҳаракоти эшонро поида гаштан ҳам ба суди тарбияти фарзандон нахоҳад буд, таноби нигоҳатонро қафо кашед. Дер ё зуд он таноб гусаста хоҳад шуд. Шумо фарзандон, наврасон ва ҷавононро барои абад дар маҳдудаи хонадони падарияшон ҷабран нигоҳ дошта наметавонед. Онҳо баҳри он офарида шудаанд, ки ҳар рӯз дубора тавлид гарданд, оре, муҷаддадан аз паси ҳамин дар, ки рамзи ҳаёти дубораанд, ба олами фарох роҳ бигиранд ва зистанро мустақилан аз сар гузаронанд. Ва дар мухторияту озодӣ зиндагиро шурӯъ намудан ҳеч гоҳ дер нахоҳад шуд.

10. Дар интиҳои зиндагӣ, ки қонунияти зиндагӣ тақозо мекунад, ҷойро барои фарзандон холӣ намо! Ин панд ё васият дар замир ғаму андӯҳ меафзояд. Мо ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будан мероси хонадонро бояд ба фарзандон бахшу тақсим намоем. Дар дами пирӣ пуразобтарин ҳасрату дард ин танҳо мондану танҳоӣ кашидан аст...

...Барпо намудани оила ҳеч гоҳ ва дар ягон замон раванди саҳлу содда набудааст. Зарбулмасали мардумӣ низ ҳушдор медиҳад: "Ҳар одам ниҳол шинонда метавонад, вале аз ӯҳдаи онро парваришу сабз кардан на ҳама мебарояд". Инак, дар хотима ба натиҷагирӣ мерасем. Ҳама гуна зиндагии якҷоя, дар оила, дар завод, дар кадом муассиса ё идорае ва кишвар - бисёр вазнину мушкил буда. Ва аммо дар ин байн, оила афзалияту бартариҳои худро дорад, ки дигар ақшори иҷтимоии ҷомеа онро молик намебошанд. Оила бо ишқу муҳаббат ҷозибаи хосаи худро дорост. Ва иттиҳоди ду мавҷуди зинда ҳароина, биҳишти аднро ба зуҳур намеорад. Валек бо ҳадафҳои неку созанда баҳри фардои ҷомеаву кишвар зиндагӣ аз сар гирифтан - худ дар пояи фирдавси барин умр гузарониданро дорад.

Мутарҷим:

Шодии Муҳаммадраҷаб



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!