Бахшҳо

Ҳукми ниҳоии додгоҳ дар қиболи райиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи оянда эълом хоҳад шуд

Мурофиаи додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо аз болои Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, имрӯз расо соати 10:00 дар толори Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ паси дарҳои боз сурат пазируфт. Раисикунанда Зокир Аминов гуфт, мурофиа ба анҷоми худ наздик аст ва агар ҷонибҳо барои созишу мусолиҳа ақидае дошта бошанд, баён намоянд. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт: «Мо бо аъзои Шӯро гуфтушунид гузаронидем, бекор кардани қарор имкон надорад». Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Тураҷонзодаҳо ба суд пешниҳод кард, то cудшаванда, яъне Саидмукаррам Абдулқодирзода дар асоси нишондоди моддаи 135, қисми 3 (ин модда маҳрумият аз озодиро ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол пешбинӣ мекунад) муҷрим шинохта шуда, бар илова аз ӯ ҷарима ситонида шавад. «Ба хотири он, ки айбдоршаванда оиладор асту соҳиби фарзанд аст ӯро ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Бинобар он ки шахсияти судшаванда барои ҷамъият хавфнок аст барои фирор накарданаш аз толори суд ба ҳабс равона карда шавад»,-гуфт Бузургмеҳр Ёров. Ба қавли адвокат вақте ки вакили мудофеи Саидмукаррам вақти луқмапартоӣ баромад мекард, мантиқан гуфтан мумкин аст, ки тарафи айбдоркунии хусусӣ, яъне  ҷониби Тураҷонзодаҳоро мегирифт. Вай гуфт, ки «мебахшетон моро қонун маън кардааст». Ҷаноби Ёров афзуд: «Бале, қонун дар ҳақиқат манъ кардааст, ки судшаванда гӯяд, ки ман бегуноҳам ва ҳимоягар баъракс изҳор намояд, ки ӯ гунаҳгор аст». Номбурда ҳамчунин илова кард, ки ҷониби ҷабрдида омодаанд, ки дар сурати рӯзи сешанбе ба ҷинояти содиркардааш иқрор намудани Саидмукаррам ба созиш ризо шуда ва ба пуррагӣ аз даъвои худ даст бикашанд.Зокир Аминов, раисикунандаи мурофиа то соати 10:00-и рӯзи сешанбеи 21-уми феврал танаффус эълом кард. Ёдрас менамоем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)