Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 май 2017, 06:11

Боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир дар Душанбе

17 феврал 2012, 04:20

Аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса дар пойтахт миқдори зиёди маводи мухаддир забту мусодира гардид.


Тавре  ба хабаргузории «Озодагон»аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, зимни амалиёт дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино, Алидод Нусратови 21- сола дастгир карда шуд. Ҳангоми  кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи ӯ маводи нашъадори «бангдона», ки вазнаш 2 килою 360 граммро ташкил медод, дарёфт гардид.

 

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ба ҳамин ҳодиса монанд дар маҳаллаи Биниҳисорак, шаҳрванд  Фирдавс Саъдуллоеви 30- сола, сокини кӯчаи Биниҳисорак  боздошт гардид. Аз номбурда 1 килою 680 грамм ҳероин дарёфт карда шуд.

Оиди ҳар ду далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!