Бахшҳо

МН: Барои гирифтани пеши роҳи тӯҳмату бӯҳтон иқдоми ҷиддӣ зарур аст

Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи экологии ин мақоми олии қонунбарори кишвар бо иштироки намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба масъалаҳои экологии ҷумҳуриамон сарукор доранд, баргузор гардид.


Тавре котиби матбуотии МН Муҳаммадато Султонов ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод,  дар назди ҳозирин раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки вобаста ба пайомадҳои экологии солҳои охир дар ҷаҳон Маҷлиси намояндагон  ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист тавваҷӯҳи бештар зоҳир менамояд.

 

Қайд гардид, ки дар фосилаи ду сол палатаи поёнии парлумон дар соҳаи экология якчанд конунҳоро ба тасвиб расонд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи иттиллоти экологӣ”, “Дар бораи мониторинги экологӣ”, “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, “Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ“, “Дар бораи ауидити экологӣ”, “Дар бораи экспертизаи экологӣ”, “Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он“, „Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ“, Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра мебошанд, ки барои вазъи экологии кишварамон таъсири мусбат мерасонанд.

Воқеияти имрӯзаи муҳокимаҳо атрофи масъалаҳои экологӣ ва обию энергетикӣ зарурати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолиятро дар ин самт ба миён овардааст.

Муҳити зист сарҳадро намеписандад. Имрӯз таъсири байнисарҳадии давлатҳо ба ҳамдигар мавзӯи мубрами рӯз гаштааст. Масалан, мушкилоти истифодабарии об. Ҳарчанд захираҳои об дар табиат барқароршавандаанд, ҳаҷми он дар як андозаи муайян аст. Афзудани шумораи аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт талабот ба обро дар ҷаҳон бештар намудааст. Дар минтақаи иқлимаш хушки Осиёи Марказӣ, дар шароити равандҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ва дар ҳоле, ки ин захираҳо ғайриоқилона истифода мешаванд ё беҳуда ба пастхамиҳо равона карда мешаванд, ин мушкилот дар сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ баромадааст.

Дар шароити нави муносибатҳои иқтисодӣ ба моҳияти захираҳои об ва иншоотҳои бузурги гидротехникии комплексҳои хоҷагии об, ки нигоҳдории онҳо пештар аз буҷет давлати Шуравӣ маблағгузорӣ мегашт ва имрӯз ин бори гарон пурра бар души Тоҷикистон аст, аз диди нав бояд назар кард ва ин омӯзиш ва таҳлилро мехоҳад.

Дар ҷаласа иброз шуд, ки барои гирифтани пеши роҳи ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон ва маълумотҳои ғаразнок зарур аст, системаи мониторинги муҳити зист барқарор ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Пеш аз ҳама дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани таъсири байнисарҳадӣ ба муҳити зисти ҳудуди Тоҷикистон чунин мониторинг зарур мебошад.

Комиссия тасмим гирифтааст, ки дар бораи вазъи воқеии истифодабарии захираҳои об дар минтақа ва сабабу омилҳои асосии фоҷиаи баҳри Арал маводи махсуси таҳлилӣ омода намояд.

Ҳамчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои обу энергетикаро таҳлил ва дар ин хусус ба идораҳои дахлдор нуқтаи назари Комиссия пешниҳод карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар назди иштирокчиёни ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова, Галия Рабиева, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Офтоб” Қурбонҷон Кабутов, роҳбари маркази экологии ҷавонон Юрий Скочилов, роҳбари Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон Собирҷон Усмонов, роҳбари Ассотсиатсияи ҳамкори барои рӯшд Анвар Камолиддинов, роҳбари ташкилоти ҷамъияти “Маленкая земля” Ҷонона Боқиева баромад намуда, гуфтанд, ки ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни  давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз омилҳои муҳим баҳри ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳимоя аз манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатию миллӣ ба шумор меравад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)