Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:07

БАТР дар эҳдос ва таҷдиди як нерӯгоҳ дар Тоҷикистон саҳм мегузорад. Дар бунёди роҳ низ

17 феврал 2012, 06:23

Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани лоиҳаи НОБ-и Қайроқум бо Улф Ҳиндстром, раиси намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.


Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни ин нишаст ҷонибҳо атрофи ҳалли як қатор масъалаҳо роҷеъ ба татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи «Қайроққум»-ро муҳокима намуда, иброз доштаанд, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар мувофиқанамоӣ ва пазируфтани асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин лоиҳа чораҳои зарурӣ андешанд: «Лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» ба рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати  Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 №280 тасдиқ шудааст, ворид мебошад ва татбиқи он аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ хоҳад шуд».

Манбаъ иттилоъ дод, ки зимни ин ҳамоиш ҳамзамон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода (сарҳади ҷумҳурии Ӯзбакистон), ки аз ҳисоби маблағҳои грантиву қарзии Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ хоҳад шуд, баррасӣ гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!