Манбаъ афзуд, дар чорчӯби конфонс мулоқоти Вазири маорифи Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбакаш Темир Ширинов сурат пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба низомҳои маорифи амалкунандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор намуда, инчунин дурнамои ба роҳ мондани ҳамкории пурсамарро миёни муассисаҳои соҳаи маорифи ҳарду кишвар муҳокима карданд: «Баъд аз зӯҳри 16-уми феврал, ҳайати расмии Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсусгардонидашудаи ш. Тошканд шинос шуданд. Ҳайат аз Коллеҷи геодезия ва харитасозӣ, Коллеҷи технологияҳои иттилоотӣ, Коллеҷи алоқаи Тошканд, мактабҳои миёнаи № 28, № 50, № 243 ва Литсеи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи мусиқии академиявии ба номи Владимир Успенский боздид кард».
Гуфта мешавад, рӯзи 18-уми феврал иштирокчиёни ҳамойиш аз мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Самарқанд дидан карда, баъд аз он ба ватан бармегарданд.
Мӯҳр
« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |