Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:03

Роналдо ба додгоҳ кашида мешавад. Барои насупоридани андоз

17 феврал 2012, 10:27

Роналдо, собиқ футболбози беҳтарини тими миллии Бразилия ба хотири напардохтани ҳаққи иҷораи қитъаи замин дар шаҳри Рио-де-Женейрои ин кишвар  мавриди пайгарди қонун қарор хоҳад гирифт.


Саҳифаи интернетии «Ал-арабия» бо такя ба гузориши даъвогар навиштааст, ки ин чеҳраи саршиноси варзиши футболи Бразилия дар ҳоле ба додгоҳ кашида мешавад, ки аз пардохти ҳаққи иҷора саркашӣ кардааст. Ин дар суратест, ки Ариола, вакили мудофеи Роналдо  ин ҳама иттиҳомоти алайҳи зерҳимояи худро рад намуда, гуфтааст: «Зерҳимояи ман то кунун 36.500 евро барои харидани ин замин пардохт кардааст ва  танҳо 5000 евро боқӣ мондааст, ки ин маблағро низ дар наздиктарин муддат пардохт хоҳад кард».

Ёдовар мешавем, ки Роналдо дар солҳои 1996, 1997, 2002 ба унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон шинохта шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!