Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:43

Суғд: 1600 ҷойи холии кор пешниҳод шуд. 42 нафар барои кор роҳхат гирифтанд

17 феврал 2012, 11:58

Тибқи нақша-чорабинии Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд дар муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳоии кори холӣ баргузор гардид.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ 89 намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни вилоят иштирок намуда, 1300 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд.

Манбаъ афзуд, музди маоши ҷоӣҳои кории холии пешниҳодгардида аз 120 сомон то 900 сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти ярмарка ба 42 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кории доимӣ роҳхат дода, 28 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзонӣ ба муассиссаҳои таълимии системаи Агентӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳамчунин, 9 нафар шаҳрвандони бекор барои кор берун аз ҷумҳурӣ номнавис гардиданд. Дар ярмарка зиёда аз 620 нафар шаҳрвандони бекор ширкат варзиданд.

Инчунин, дар ярмарка кормандони марказӣ Реинтегратсия иштирок карда ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта хизматҳои машварати ҳуқуқӣ, дастгирии равонӣ (психологӣ) пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ, бо кор таъмин намудан ва додани маслиҳат оид ба самти ташкили соҳибкорӣ бо роҳи додани қарзҳои имтиёзнок, бо касбомӯзонӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонӣ маслиҳатҳо дода шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!