Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:02

ВКД: Боздошти ду нафар бо иттиҳоми қочоқи нашъа

18 феврал 2012, 06:02

Зимни як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Рудакӣ миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд,   дар даромадгоҳи маҳаллаи Қӯштеппа, рӯ ба рӯи чойхонаи «Дилкушо», шаҳрвандон Валиҷон Амонқулови 30- сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев ва Ваҳҳоб Саидови 47-сола, сокини ҷамоати  Гулистон, маҳаллаи Ҷангалобод дастгир карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Ваҳҳоб Саидов қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 228 кодекси ҷиноии Федератсияи Русия аз озодӣ маҳрум гаштааст. Аснои кофтуков аз борхалтаи Валиҷон Амонқулов 4 килою 550 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!