Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:19

SOS:6 рустои Файзобод дар муҳосираи барф

18 феврал 2012, 07:16

Шаш деҳаи ноҳияи Файзобод-Чуқроқ, Саидонӣ, Қанғелӣ, Кенҷаобод, Сурхдара ва Боғи Мир дар муҳосира қарор доранд.


Хабарнигори «Озодагон» аз маҳалли ҳодиса дар тамос шуда гуфт: «Сокинони ин деҳот мегӯянд, ин ҳолат ҳар зимистон такрор мешавад, вале масъулини маҳаллӣ бо вуҷуди супориши қатъии президент барои бартараф кардани ин мушкилӣ чораҷӯӣ накарда истодаанд. Алъон, мо дар иҳотаи барфи зиёдем ва ба ҳеч куҷо рафту омад карда наметавонем».

 

Зимнан, Тоҳир, як сокини минтақаи дар муҳосирамонда дар сӯҳбат ба хабаргузорӣ гуфт, се рӯз боз аз олам бехабарем: «Рӯзи гузашта мардуми маҳаллӣ ба воситаи ҳашар роҳро аз барф тоза намуданд. Аммо шаби гузашта боз дар пайи шамоли сахт зиёда аз 200 метри роҳ ба барфи ғафсиаш бештар аз 2 метр пӯшонда шуд. Аммо аз масъулини маҳаллӣ ва техникаи роҳтозакунӣ дар ин қитъаи роҳ ҳанӯз дараке нест».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ин минтақа президенти Тоҷикистон зимни сафараш ба Файзобод, масъулини ноҳияро вазифадор карда буд, ки барои ин қитъаи роҳ техника ҷудо намуда, дар сурати маҳкам шудани роҳ фавран ба тозакунии он пардозанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!