Бахшҳо

Шаҳрдорӣ дар ҳаққи собиқадорон ғамхорӣ мекунад

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар ҷаласаи ҷашнӣ бахшида ба 25- солагии таъсисёбии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, ки   дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сурат пазируфт, дар ин бора иброз дошт.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ин нишаст бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Алиҷон Солиев ифтитоҳ гардида, сипас мири пойтахти Суғд дар баромади худ аз таърихи таъсисёбӣ ва саҳми Шӯро дар пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии маркази вилоят ёдовар шуда гуфт, ки мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар симои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ёрдамчӣ ва маслиҳатгари беминнатро мебинад. Саҳми Шӯро дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас басо калон аст.

 

-Имрӯз мо бо камоли эҳтиром номи аввалин роҳбарони Шӯроро ба забон меорем,- гуфт мири шаҳр дар баромади худ,- инҳо собиқадорони ҷангу меҳнат подполковники мустаъфӣ Абдулло Абдуҳамидов ва Пётр Степанович Малишев буданд. Онҳо  рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Ленинабадская правда»-ро ба минбари асосии корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни наврасон дар руҳияи ватанпарастию ахлоқи ҳамида табдил дода буданд.

-Дар партави дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва қарору санадҳои ҳукумат  ғамхориро дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  ман ҳамчун раиси шаҳр аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муқаддаси худ меҳисобем,- гуфт дар интиҳо роҳбари шаҳр,- мекӯшем то ки шумо бо ғамхории ҳаматарафа фарогир бошед.

Зимнан, ҳозирин бо лаҳзае хомӯшӣ хотираи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдулло Исмоиловро, ки субҳи имрӯз митинги мотамаш баргузор гардида буд, пос доштанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)