Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

М.Убайдуллоев: Ҳуқуқҳои соҳибмулкон ба ҳеч ваҷҳ поймол нахоҳанд шуд

21 феврал 2012, 03:47

20 феврал дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии   шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр:  кўчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рўдакӣ баргузор гардид.


Тавре  Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ, директорони Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашии ҶСШК «Саноатсоз», «САНИОСП», «Шаҳрофар», «Селтехпроект», КВД «Душанбешаҳрсоз», КВД «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»,  ҶДММ «Архиком», «Интерпроект», «АРК-СИНОН», «Архстрой», «Ориён-АРХ», «Проектинвест», ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранд ва кулли соҳибмулкону роҳбарони субъектҳои хоҷагидории иншооташон дар ин маврид тибқи Нақшаи генералии шаҳр барои азнавсозӣ пешбинигардида аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ ширкат варзиданд.

 

Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар нишасти корӣ изҳор дошт, ки зимни амалишавӣ ва татбиқи ин тарҳ  ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда мешаванд: «Соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷўҳ беш аз нўҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд.

Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ, ё худ дар заминаи иншооти мавҷудаашон бо бартарафсозии онҳо пешбинӣ гардидани мавзеъҳои кабудизоркунию ободонӣ ҳар кадоме ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар ҷуброн гиранд, ё дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!