Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

ҲХДТ бо афсарону аскарон мулоқот мекунад

22 феврал 2012, 04:57

Бахшида ба 19-умин солгарди Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша- чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти ҳизбиён бо аскарону афсарон дар қисми низоми 14356 доир гардид.

 


Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ дод, қумандони қисми низомии мазкур подполковник Ҳасанов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, оид ба шароити буду боши аскарону афсарон муфассал гузориш дод.

 

 

Ҳамзамон, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ӯғулой Умаралиева, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбарҷон Акрамов дар баромадҳои худ аз нақш ва мақоми артиши миллии кишвар дар пойдории амну осоиши кишвар хуб арзёбӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки хизмати меҳанро бо амри дилу садоқати ҷавонмардӣ иҷро намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!