Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Бохти навбатии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон. Ин дафъа бо «Нистру»

21 феврал 2012, 04:37

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии дуюми санҷишии худро таҳти сарварии мураббӣ- Камал Алиспахич дар Туркия бохт.


Тавре Фаридун Солиев, масъули ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзи гузашта ( 20-уми феврал)  дастаи миллии мо бо «Нистру» (Атаки) аз лигаи олии Молдова вохӯрда бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд: «Бозӣ дар тамрингоҳи Белеки Туркия бо бартарии андаки дастаи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифт, аммо лаҳзаҳои муносиб барои задани гол аз тарафи бозингарон истифода нашуд. Дар қисми аввали сабқат, зарбаи ҷаримавии ҳимоятгар Даврон Эргашев аз фосилаи 25 метр ба сутуни дарвоза бархӯрд.Пас аз танаффус ба ҷои Эраҷ Раҷабов, ки дар ҷараёни бозӣ лат хӯрда буд, Аҳтам Назаров ба майдон баромад. Дар оғози ин бахш аз бозӣ ҳимоятгарони дастаи Тоҷикистон ба иштибоҳ роҳ доданд ва бозигари “Нистру” Адриан Караҷа тӯбро ба ҳадаф расонд. Баъд аз 11 дақиқаи дигар Штефан Бургю зимни хатои дарвозабон Алишер Туйчиев, ки нобаҳангом ба пеш баромад, голи дуюмро ба дарвозаи дастаи миллии Тоҷикистон зад».

 

Манбаъ афзуд, дар қисми дуюм Юсуф Рабиев, Комил Саидов ва Илҳом Ортиқов шарикони худро дар майдон иваз карданд. Талошҳои даста бештар шуданд, аммо он боз ҳам чандин лаҳзаи голзаниро аз даст дод.

Ҳамин тавр, дастаи миллии футболиТоҷикистон ҳарду бозии санҷишии худро қабл аз бозӣ бот ими мунтахаби Кореяи Шимолӣ (ин бозӣ рӯзи  29-уми феврал дар Хуҷанд сурат мегирад) бохт. Бозии аввал бо дастаи "Шӯртан"-и Узбакистон буд, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони ӯзбак ба анҷом расид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!