Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:27

Журналистон дар баҳси додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо бо райиси Шӯрои маркази исломии Тоҷикистон «пушти дар» монданд

21 феврал 2012, 05:17

Дар ин бора хабарнигори «Озодагон», ки ба манзури инъикоси қазия ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафта буд, тариқи телефон иттилоъ дод.

 


Бино ба қавли ҳамкорамон ҳудуди 20 нафар аз рӯзноманигорон аз ВАО-и ватаниву хориҷӣ аз субҳи барвақт ба назди суди мазкур омада буданд: «Дарбон ваъда кард, ки пас аз соати 10, вақте ки ҷониби даъвогар ва судшаванда ба толор ворид шуданд, ба ҳамаи шумо ҳам иҷозаи вуруд медиҳем. Аммо соати 10-05 он касс эълон дошт, ки барои журналистон ҷой нест, толор пур шудааст».

 

Ҳамин тавр, теъдоде аз ҳамкорону ҳамқаламони мо дар назди додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои вуруд ба толори суд ва инъикоси мунсифонаи қазия интизорӣ мекашанд. Ин дар ҳолест, ки вакили мудофеъи даъвогарон- Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи рӯзи 10-уми феврал аз додгоҳ тақозо карда буд, ки барои баргузории ҷаласаҳои минбаъдаи ин қазия толори бузургтар, амсоли идораи муфтиёт баргузида шавад. Зеро ба қавли ӯ, теъдоди хоҳишмандон ҷиҳати ширкат дар баҳси судии кушода ба маротиб зиёд аст ва толори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тавони ғунҷондани ҳамаи онҳоро надорад

Ёдрас менамоем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабри соли 2011 дар баёнияе, ки онро хабаргузории «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдомро шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд. Сипас, оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори онҳо аз болои райиси Шӯрои уламо ба суди ноҳияи И.Сомонӣ шикоят бурданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!