Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

Вазири маорифи Тоҷикистон бо ҳамтоёни ӯзбаку қирғизи худ мулоқот кард

21 феврал 2012, 06:43

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон аз конфронси байналмилалӣ, ки дар Тошканд сурат пазируфт ба ватан баргашт.


Ин ҳамойиш таҳти унвони “Омодакунии насли маърифатпарвар ва зеҳнан инкишофёфта ҳамчун шарти муҳимтарини рушди устувор ва муосирсозии кишвар” доир гардид. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ хабар доданд, зимни ин конфронс ҷаноби Саидов бо вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбакистон Баҳодир Ҳодиев баргузор гардид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон ва Ӯзбакистон табодули назар карданд. Намояндагони   соҳаҳои маорифи ҳар ду кишвар барои рушди ҳамкории мутақобилан судманди миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Дар чаҳорчӯби конфронс вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов, инчунин бо ҳамтои қирғизистонии худ Канат Содиқов, ректори Академияи давлатии телекоммуникатсияҳои Одесса Петро Воробиенко ва роҳбарони як қатор ҳайатҳои расмие, ки дар кори конфронси байналмилалӣ иштирок доштанд, мулоқот доир кард.

Манбаъ афзуд, роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар ҷаласаи алоҳидаи “Маълумоти мактабӣ – асоси тарбияи насли зеҳнан инкишофёфта” баромад намуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!