Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Дар шимоли кишвар волейболбозӣ миёни духтарон «анъана» мешавад

21 феврал 2012, 09:04

Тибқи нақша ва чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар толори   «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд  чемпионати вилоятии Суғд оид ба волейбол байни духтарони соли таваллудашон баргузор гардид.


Дар мусобиқа дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Ҷ.Расулов, Ашт, Шаҳристон ва Спитамен зиёда аз 84 нафар варзишгарон ширкат варзиданд.Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» варзишгарони дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба гирифтани ҷои якум, дастаи ноҳияи Ашт ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Спитамен ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Ҳамчунин, дар мавриди тарғибу ташвиқ намуди варзиши сабук дар варзишгоҳи шаҳри Чкалов мусобиқаи вилоятии зимистона оид ба варзиши сабук байни писарон ва духтарон гузаронида шуд: «Зиёда аз 232 нафар дар он ширкат варзида, варзишгарони дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов ба гирифтани ҷои якум, дастаи шаҳри Чкалов ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Ашт ҷои сеюмро дар намуди варзиши сабук ноил гаштанд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!