Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

Миср: Бонуи журналист даъвои курсии президентӣ дорад

21 феврал 2012, 09:47

  Барои нахустин бор дар таърихи Миср зан муддаии курсии раисҷумҳур шудааст.


Бусайна Камол, рӯзноманигори шинохта ва ходими ҷамъиятӣ аввалин бонуест, ки барои ширкат дар сабқати президентӣ даъвогар шуд. Дар хусуси ширкаташ дар ин сабқат Бусайна Камол расман дар тазоҳуроти оммавии ҷавонони инқилобии шаҳри Порт- Саид эълом доштааст.

Бусайна Камол бо нутқи пешазинтихоботии худ дар ин майдон аз ҳукуматдорони вақт интиқоди шадид намуда, ҷавонони радикалӣ, аз ҷумла тарафдорони гурӯҳи “6 апрел”-ро ба дастгирии номзадиаш дар мақоми раисҷумҳур даъват намудааст.

-Шӯрои олии низомӣ, ки шурӯъ аз 25 янвпри соли 2011 давлатро идора мекунад, танҳо аз тартибе кор гирифта истодааст, ки режими Ҳусни Муборак пеши худ дошт. Ин Шӯро бояд ба мардум имкони интихоби раҳбари кишварро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бозгардонад,- изҳор кардааст, Бусайна Камол.

Феълан, номзадии Бусайна Камол аз сӯи як қатор созмонҳои касбӣ, ташкилотҳои бонувон ва як қисми ҳаракатҳои ҷавонӣ барои расман номнавис шуданаш ба ҳайси номзад ба мақоми президент дастгирӣ пайдо кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!