Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:48

Тӯраҷонзода ба додгоҳи Аврупо шикоят мебарад?

21 феврал 2012, 10:42

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон иброз дошт, ки «ҷаласаи имрӯза бояд сухани охирини судшаванда мешуд.


Ӯ афзуд,  мутаасифона ва ғайричашмдошти мо раискунандаи суд эълом дошт, ки боз ду ҷаласаи судӣ идома мекунад ва ду ҳуҷҷат бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Як нома аз прократура ва чор аризаи дигар буд, ки рӯзи чоршанбе судшаванда пешниҳод карда буд, ки мо рад карда будем. Гӯё ин аризаҳо аз номи 4 шаҳрванде, ки баъд аз баргузории маросими Ошӯро ба унвони судшаванда изҳори норозигӣ карда бошанд.

Тӯраҷонзода ба ин бовар аст, ки суд Саидмукаррамро беҷазо мемонад, зеро мегӯяд, ки Абдулқодирзода моро бо супориш сиёҳ карда буд, аз ҳамин хотир табиист, ки ба ӯ ҳукми сафед медиҳанд. «Мо он қадар умеди бисёр ҳам надорем, лекин ба ҳар ҳол мехостем як бор исбот кунем, ки ҳамин ҳарфҳо дар ҳаққи мо туҳмат аст, - мегӯяд ҷаноби Тураҷонзода ва илова кард, ки ба ҳар ҳол мо хаста намешавем ва барои талаби адолат боз ба зинаҳои болоии суд муроҷиат мекунем. Ман аз рӯзи аввал гуфта будам, «агар, ки ин суд қазияро мунсифона набинад, то додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунем.»

Бино ба қавли ҷонибҳо суд тасмим гирифтааст, ки фардо, 22 феврал, соати 15:00 ҳукми худро эълом намояд.

Тафсилоти бештарро аз ин линк пайдо мекунед: http://ozodagon.com/g/item/16193-

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!