Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Садамаи нақлиётӣ ҷони як нафарро гирифт

22 феврал 2012, 06:00

Сониҳаи нақлиётӣ боиси марги ҷавони 27-сола гардид.


Тавре аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», Илҳом Султонов аснои ҳаракат бо роҳи мошингарди  Кагата-Ғафуров дар километри 2-юм аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба     автомашинаи тамғаи «Зил-554», ки таҳти идораи ронанда Анварҷон Ӯрунбоеви 34- сола ҳаракат мекард, бармехӯрад. Дар натиҷа, сарнишини сабукрав  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои кишвар 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ҳалоку 3 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!