Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:16

Қаҳрамони Аврупо аз шаҳри Кӯлоб

26 май 2011, 11:28

Орзуҷон Дониёров, хонандаи синфи 3-юм аз шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаи чемпионати Аврупо миёни наврасон дар шаҳри Бодирлини ҷумҳурии Фаронса, дар намуди каратэ-кио-шункай ба рақибонаш ғолиб баромада, чемпион ва соҳиби медали тилло гардид.

Қаҳрамони наврас ба хабарнигори минтақавии  «Озодагон» гуфт, «дар ин мусобиқа ман бо чор нафар сабқат доштам. Ҳамашонро бо ҳисоби баланди холӣ мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гаштам. Умуман, аз рақибон парвое надоштам. вале ҳангоми баланд бардоштани байрақи ҷумҳурии Тоҷикистон ва суруди миллӣ, маро гиря гирифт».

Дар ҳамин ҳол, Маҳмудҷон Хоҷаев, муррабии эшон  мегӯяд,  дар ин намуди варзиш дар машқгоҳи мо 40-нафар наврасон тарбия мегиранд ва  имконияти пешниҳод намудани 3-4-нафар варзишгарони болаёқатро доштем. Аммо, мутаассифона бо иллати дарёфт нагаштани маблағи роҳкиро  ва дигар хароҷот,  варзишгарони наврас натавонистанд дар ин мусобиқа иштирок дошта бошанд. Ба қавли ӯ, маблағи хароҷоти Орзуҷон Дониёров 8-ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, ки як қисматашро ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва қисмати боқӣ аз ҳисоби падари ӯ масраф гардидаст.

Чемпиони 10-сола мегӯяд, аввалин маротиба дар мусобиқаи байналмиллалӣ ширкат намуда, бисёр ҷиҳатҳои дигари  барояш норӯшани мусобиқотро аз худ кардам. «Акнун барои чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр баргузор хоҳад гашт, тайёрии зиёдтар мебинам ва иншоолоҳ, дар ин сабқат ҳам ғолиб меоям», бо боварӣ мегӯяд ӯ.

Падари Орзуҷон, ки табиби дандонпизишк аст, мегӯяд, барои дар чемпионати ҷаҳон иштирок кардани фарзандаш агар аз ҷониби ҳукуматдорон ва кумитаи варзиш  кӯмак ҳам накунанд, шахсан кӯшиш мекунад то писарашро ба ин мусобиқа  равон намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!