Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:07

Табодули амвол миёни Тоҷикистону Эрон ба 204 миллион доллар дар як сол баробар шуд

22 феврал 2012, 11:55

«Ҳамоиши шароити сармоягузории эрониён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».


Таҳти чунин унвон имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар нишасте оғоз гардид, ки дар назар аст, то 24-уми феврал идома ёбад. Тавре аз ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доранд.

Ҳамзамон, масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагони сафорати Эрон дар Тоҷикистон доир намудани чорабинии мазкурро дар самти густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ, мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистон бо соҳибкорони Эрон низ дар назар аст.   Маврид ба ёдоварист, соли гузашта ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон 204,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум ба андозаи 101,5% афзоиш ёфтааст.

-Нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гардиши савдои берунии  Тоҷикистон 4,6% ро ташкил медиҳад ва танҳо дар бахши хусусии Тоҷикистон соли 2011 Эрон 15 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, -афзуд манбаъ.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!