Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:00

«Qatar Airways» парвози ҳавопаймоҳоро ба Душанбе ба роҳ мемонад

23 феврал 2012, 04:41

Дар Давҳа мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов бо Вазири маорифи олӣ ва миёнаи Давлати Қатар Саъд ибн Иброҳим ибн Саъд Ал Маҳмуд доир гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд, зимни мулоқот Вазири маорифи олӣ ва миёнаи Давлати Қатар иброз дошт, ки он кишвар барои ба роҳ мондан ва инкишоф додани ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон ҳамеша омода мебошад. Зубайдов афзуд, ҷониби Тоҷикистон низ хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Қатар, хусусан дар соҳаи маориф аст.

Ҳамзамон, Саъд ибн Иброҳим ибн Саъд Ал Маҳмуд тазаккур дод, ки омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаи маориф ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Аз ин лиҳоз, ӯ таклиф намуд, ки сафарҳои кории устодони таълимгоҳҳо ва кормандони соҳаи маориф ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи муфид ба кишварҳои ҳамдигар ташкил карда шаванд.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз дипломати тоҷик бо раиси Ширкати ҳавопаймоии Қатар (Qatar Airways) Акбар Ал Бокир вохӯрд. Зубайдов иброз дошт, ки масъалаи ташкили хатти парвози мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ниҳоят зарур ҳисобида мешавад. Вобаста ба ҳалли ин масъала Акбар Ал Бокир таъкид кард, ки барои иҷрои ин амал ширкати онҳо тамоми имкониятро дорад ва ҷиҳати ҳалли он кӯшиш хоҳад намуд.  Зимнан, Акбар Ал Бокир дар бораи Ширкати ҳавопаймоии Қатар маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки ҳоло ширкат дорои 107 ҳавопаймои муосир буда, дар ояндаи наздик боз 200 ҳавопаймои навро мавриди истифода қарор хоҳад дод. Мувофиқи иттилои ӯ дар ширкат мутахассисон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла як нафар тоҷикистонӣ  фаъолият доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!