Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:48

Донишҷӯи тоҷикистонӣ-барандаи ҷашнвораи «Журавли над Россией»

23 феврал 2012, 09:48

Комрон Содиқов, донишҷўи Консерваторияи Миллии Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмиллалии «Журавли над Россией» барандаи ҷои аввал гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВФ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, чорабинии мазкур дар Маскав сурат гирифта, дар он намояндагони зиёда аз 10 давлат  Русия, Белорус, Молдова, Абхазия, Тоҷикистон, Осетия, Украина, Ӯзбакистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

 

Манбаъ афзуд, Тоҷикистонро дар ин сабқат 4 нафар муаррифӣ карданд: Комрон Содиқов, Манучеҳр Раҳмонов, Темур Гезаитов ва Алишер Хушвақтов.

Зимнан, Комрон Содиқов, донишҷўи Консерваторияи Миллии Тоҷикистон дар бахши «Песни слагаем о Родине» ҷои аввалро ишғол намуд. Донишҷӯи дигари ин донишкада,  Раҳмонов Манучеҳр дар бахши «Зов Победи в наших сердтсах» ҷои сеюмро ишғол намуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки иштироки донишҷуёни Консерваторияи Миллии Тоҷикистон дар ин озмун, бо кӯмаки молии директори фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Рустам Холиқов ва раиси ҳукумати шаҳри Турсунзода Давлатшоҳ Гулмаҳмадов сурат гирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!