Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:15

САҲА ва Тоҷикистон роҳи суботи Афғонистонро меҷӯянд

24 феврал 2012, 04:39

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Адам Кобератски, сарвари дафтари САҲА оид ба пешгирии муноқишаҳоро ба ҳузур пазируфт.


Зимни мулоқоти ҷонибҳо табодули муфассали андеша оид ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақа, аз ҷумла баровардани қӯшунҳои Нерӯҳои байналмилалии посдори амният аз Афғонистон дар соли 2014 барпо гардид.

Гуфта мешавад дар ин нишаст, вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва САҲА, инчунин роҳу усулҳои рушди минбаъдаи онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Манбаъ иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, масъалаи вазъи амният дар минтақаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дирӯз зимни як брифинги ҳайати ИМА ва ва намояндагони расмии Тоҷикистон матраҳ гардид: «Зимни брифиниги мазкур ҳайати ИМА ба ҷониби Тоҷикистон маълумот доир ба вазъи амниятии имрӯзаи Афғонистон ва нақшаҳои муштарак оид ба интиқоли ӯҳдадориҳои амниятӣ ба Ҳукумати Афғонистон то соли 2014 ва пас аз онро пешниҳод намуд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!