Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:12

Талоши дигар барои ташкили кишвари Фаластин

26 май 2011, 12:27

Имрӯз иштирокчиёни нишасти ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар ҷазираи Болии Индонезия ба ин қарор омаданд, ки барои ҷалби ҳимояти кишварҳо дар ростои ташкили кишвари мустақили Фаластин як комитет ташкил медиҳанд.

Аъзои ин комитети корӣ ба он кишварҳое, ки то имрӯз Фаластинро ба расмият нашинохтаанд, сафар хоҳад кард, то барои эълони ташкили кишвари Фаластин дар моҳи сентябри соли равон ҳимояти онҳоро ба даст биорад.

Комитети мазкур аз вазирони корҳои хориҷаи Миср, Индонезия, Африқои Ҷанубӣ, Шриланка, Синегал, Малайзия, Куба ва Ҳиндустон иборат хоҳад буд.

Дар ҷунбиши ғайримутааҳидҳо 118 кишвар узв аст ва нишасти ахири он рӯзи гузашта дар ҷазираи Болӣ оғоз шуда буд.

Аз сӯи дигар чанд муддат аст, ки Исроил барои пешгирӣ кардан аз эълони кишвари мустақили Фаластин дар моҳи сентябри оянда дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид талошҳои фаровони дипломатиро роҳандозӣ кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!