Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:40

Президенти ИМА бахшиш пурсид. Аз Карзай ва кулли афғонистониён

24 феврал 2012, 05:17

Барак Обама, райисҷумҳури Амрико  унвонии ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай номае ирсол намуда, аз мардуми ин кишвари исломӣ барои аз сӯи сарбозони НАТО сӯхтани Қуръон расман узрхоҳӣ кард.


Мактуби мазкурро сафири ИМА дар Афғонистон ба Карзай таслим кардааст.

Обама аз ҳодисаи бавуқӯъомада изҳори таасуф намуда, аз Ҳомид Карзай ва тамоми мардуми Афғонистон бахшиш пурсидааст. Президенти ИМА ба Карзай итминон додааст, ки сарбозон ин корро қасдан накардаанд. Ӯ ҳамчунин ваъда  кардааст, ки ин қазия таҳқиқ шудаву гунаҳкорон ҷазо мебинанд.

Ба қавли Обама, тамоми корҳо анҷом мешавад, то чунин амали нангин дигар такрор нашавад. Қаблан, барои сӯзонидани Қуръон, фармондеҳи Нерӯҳои байналмилалии ҳамкориҳои амниятӣ дар Афғонистон (ISAF) генерал Ҷон Аллен низ аз мардуми афғон узр пурсид.

Ёдрас менамоем, Қуръонсузӣ рӯзи 20 феврал дар пойгоҳи низомиёни НАТО дар Багром ба вуқӯъ пайваст. Сарбозони аҷнабӣ аз афғонҳои боздоштшуда китобҳои муқаддасро гирифта онҳоро оташ задаанд. Дар натиҷа, ҳазорон нафар бо нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтанд ва шиорҳои зиди Амрико сар доданд. Зимнан, дар пайи ин эътирозот сафорати ИМА дар Кобул баста шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!