Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:01

SOS: Дар Кӯлоб 5 нафар ҳалок шуд. Вазъи 3 нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад

24 феврал 2012, 05:30

Шаби гузашта (23-юм ба 24-уми феврал), дар Кӯлоб 5 нафар ба ҳалокат расида, 17 тани дигар ба беморхона интиқол ёфтанд.


Аслиддин Достиев, хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз мавзеъи ҳодиса тариқи телефон дар тамос шуда гуфт: «Бино ба қавли Эмомалӣ Бобохонов, сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятӣ аз ин шумул вазъи 3 нафари онҳо вахим арзёбӣ гардида, пизишкон барои наҷоти онҳо талош доранд».

Манбаъ афзуд, заҳролудшавии одамон пас аз тановули таоми атола, ки як кадбону дар кӯчаи Суғдиёни Кӯлоб омода кардааст, ба амал омад: «Ин хонум, барои ширкатдорони маросими як ҷаноза хӯрок таҳия карда, ба ҷои намаки ошӣ аз маҳлули «нитрат» истифода кардааст».

Гуфта мешавад, бонуи таббох ҳам аз таоми омодашуда чашида, ба ҳалокат расидааст.

Феълан, масъулини мақомоти марбута, аз қабили прокуратура, вазорати тандурустӣ ва ВКД қазияро тафтиш доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!