Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:40

Ҳушдори Бан Кӣ Мун ба «1+5»

24 феврал 2012, 06:45

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ аз абарқудратони ҷаҳон хостааст, ки аз ироаи «суханҳои пучу беасос» дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон худдорӣ кунанд.


Сухангӯи муншии СММ рӯзи чоршанбе афзуда, ки дабири кулли ин ташкилот ба ин назар аст, ки бархе аз кишварҳои узви доимии Шӯрои Амният бояд ба ҷои гуфтани суханҳои бефоида дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон, роҳҳоеро пайдо кунанд, ки замина барои азсаргирии гуфтушиндҳо дар ин бора бошад ва таъкиди Бан Кӣ Мунро дар бораи базудӣ азсаргирии гуфтушинд байни Эрон ва 1+5 (Англия, Чин, Фаронса, Амрико, Русия ва Олмон) фоли нек шуморид.

Ин дар ҳоле аст, ки Теҳрон омодагии худро барои идома додани гуфтушунидҳо дар заминаҳои муштарак эълон намуда, таъкид бар он менамояд, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ хоҳад кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!