Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

«Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест»

24 феврал 2012, 06:48

Сафари се ҳафтаӣ ба Амрико ба поён расид.

Чандин саҳифа сиёҳнавис ва хотиротро варақгардон мекунаму аз байни он ҳама талош дорам матлабе дарбиёрам. Бархе суҳбатҳо ва дидорҳоро дубора дар зеҳни худ зинда мекунам ва ба худ иқрор мешавам, ки хеле аз онҳоро намешавад аз тариқи расонаи хабарӣ эълон кард. Зеро бардоштҳо метавонад дигаргуна ва ғаразолуд шаваду бархе аз он суистифода кунанд ва дар ростои ғаразҳову манфиати шахсиву гуруҳияшон ба кор баранд. Шояд барои аввалин бор аст, ки дар назди қаламу коғаз ошкор нестам ва ҳар чиро, ки дидаву натиҷагирӣ кардам, наметавонам пурра рӯи коғаз биорам.

 

Вашингтон шаҳри орзуҳо нест

Бардоштҳо ва натиҷагириҳои ману ҳамсафаронам аз ин кишвар шояд дар доираи навиштани яку ду матлаб ба поён нарасад. Зеро ба он ҳад зери таъсир мондаем, ки солҳо мебояд то он ҳамаро дар коргоҳи андешаву тафаккур коркард намоем ва дар ростои пешбурди фаъолияти худу рушди кишвар амалӣ намоем.

Вашингтон бештар ба сифати пойтахти як кишвар бо ҷамъияте бештар аз ним миллион рисолати сиёсӣ бар рӯи шонаҳои зебояш дорад. Шаҳрест дар оромии аҷибе печида. Тибқи гуфтаи роҳбалад биноҳои баландошёна ё ҳамон осмонхарошҳо дар ин ҷо сохта намешавад, зеро тасмим бар ин шуда, ки набояд Капитолӣ ё ҳамон бинои кунгура зери сояи осмонхарошҳо монаду аз шукуҳаш коста гардад. Ба назар мерасад барои мардуми Амрико ин бино як қадосати вижаро дорост.

Кохи сафеди маъруф, ки овозааш ба қавле ҳафт кишварро гирифта, дар асл як бинои дутабақа ва камшукӯҳе беш нест. Шавкату ҷалоли кохҳои навкисаҳои кишвари мо ба маротиб бештар аз шаҳомати ин бино аст. Агар касе ин биноро бо чашми худ бибинад баъид аст, ки пас аз он аз шунидани ин номи пуровоза таҳти таъсир қарор бигирад. Биноҳои идории вазоратхонаҳо низ дар ин шаҳр хеле оддӣ ва маъмулӣ аст. Ҳуҷраҳои корӣ низ хеле оддӣ буда, зеро чунин фарҳанг шуда, ки ин ҳуҷра барои истироҳату худнамоӣ нест, балки барои анҷоми вазифа аст.

Вашингтон шаҳри орзуҳо нест, балки маркази тасмимгириҳо на танҳо барои мардуми Амрико, балки барои хеле аз мардуми дигари дунёст. Ин ҷо кас худро бегона эҳсос мекунад, аммо таҳти фишори олами сармоядорӣ қарор гирифтаву худро гирифтори азияти руҳӣ намебинад.

Аввалин мулоқоти хотирмон пас аз вуруд ба пойтахти Амрико дидор бо Умед бобохонов буд, ки имрӯз он ҷо ба сар мебарад. Ҳарчанд табассуми меҳромез дар чеҳрааш ҳувайдо буд, ӯро каме хаста дидам ва ёди солҳои ҳиҷрату дурӣ аз ватан уфтодам, ки чунин ҳол доштам. Ҳама чиз дар дастрас ва дар камоли рифоҳу оромиш ҳастӣ, аммо боз як чизе бароят намерасад. Як чизи хеле азиз, ки ҳарчанд мехоҳӣ дар канораш бошӣ, аммо омилҳое, ки аз ту вобаста нест, садди роҳат мешавад.

Суҳбати мо дар бораи вазъи имрӯзи кишвар ва дастовардҳову норасоиҳо дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон буд. Ба назарам чунин омад, ки Умед Бобохонов аз ҳар рӯзноманигору коршиносу мансабдори Тоҷикистон бештар дар фикру ғами ободии ин марзу буми аҷдодист. Ҳазорон фарсах аз Ватан дур будану комилан аз авзоъи кишвар огоҳӣ доштан ва кучактарин масъалаи вобаста ба Тоҷикистонро пайваста пайгирӣ кардан, самимона ва бидуни ҳеч тамаъ ва дархосте шахсӣ дар фикри пайдо кардани роҳҳҳои бурунрафт аз мушкилот буданҳояш ҷойгоҳи ӯро ба сифати як инсони дилсӯз ва мардумгарову ватандӯст дар назди ман боло бурд. Ин фикр пайваста дар мағзам пажвок мезад, ки ҳайф аст агар аз имконот ва тавоноӣ ва омӯхтаҳову таҷрибаи ӯ имрӯз истифода нашавад. Кош ӯро имрӯз даъват кунанду масъулияти роҳбарии бахшеро ба дӯшаш мегузоштанд. Бо шинохте, ки аз мансабдорони кишвар дорам, бо камоли масъулият арз мекунам, ки имрӯз Умед Бобохонов ( албатта агар ба ин кор розӣ шавад) метавонад яке аз беҳтарин вазирони тоҷик бошад. Аммо ҷои таассуф дорад, интихобу таъини масъулон дар кишвар камтар бар мабнои тавоноӣ ва истеъдоди афрод анҷом мегирад. Меъёрҳое, ки дар ин росто ба кор гирифта мешаваду таъинкунанда ҳаст, шояд дар як кишвари демократӣ аслан хандаовар бошад. Вале чи метавон кард, ки вокеъияти ҷомеа мо ҳамин асту бас ва кам касеро ин мушкил ба андеша во медорад. Яке дар фикри ними нон асту дигаре дар фикри нимаҷони худ. Ҳама аз гуфтани ҳарфи ҳақ дар ҳаросанд ва гузашта аз ин гӯше, ки тавон ва сабри шунидани ҳарфи ҳақро дошта бошад нест, ки нест. Ба ҳеч ваҷҳ намегӯям, ки он ҳама гуфтаро дар амал пиёда кунанд. Бигзор аввал шунидани ҳарфи ҳақро биомӯзанд ва бигзор бар мабнои манфиати кишвару мардум тасмим бигиранд.

Шаҳри орзуҳову шикастҳо

Ню-Йорк шаҳри орзуҳои амрикоиҳо будаву ҳаст ва имрӯз ин шаҳр ба маркази орзуҳои афсонавии ҳазорон-ҳазор зодаи кишварҳои дигари дунё табдил шудааст. Дар асл зиндагии дар ҳоли рифоҳ доштан ва соҳиби дороӣ будан дар сиришти тамоми инсонҳо вуҷуд дорад. Шояд дар сади ками зодагони хонадони бузурги Одам ҳастанд, ки воқеан зиндагии маънавӣ ва беш аз он руҳониро болотар аз ҳаёти моддӣ медонанд. Албатта дар ин миён бо онҳое, ки ба зоҳир худро гунаи дигар вонамуд мекунанду дар асл чизи дигаранд, яъне гандумнамои ҷавфурӯшанд мо коре надорем ва дар ин мисол ҳисоби онҳо ҷудост.

Қисса кутоҳ ҳазорон инсон аз гӯшаву канори дунё ба Ню-Йорк барои расидан ба орзуҳои афсонавии худ роҳ пеш мегиранд. Аммо на ҳамеша ва на ба рӯи ҳама парии бахт механдад. Ин шаҳри марказ барои тасмимгириҳои иқтисодӣ на танҳо дар сатҳи Амрико, балки дар миқёси ҷаҳон низ ҳаст. Бузургтарин марказҳои тасмимгиранда дар бахши иқтисоди ҷаҳон дар ин шаҳр идораи марказияшонро ҷой додаанд. Фақат як хиёбони Волстрит, ки аз аввал то интиҳо 771 метр мебошад, макони бузургтарин идораҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва бурсҳои ҷаҳон аст. Шаҳри осмонхарошҳо, шаҳри шаҳомат ва орзуҳои бузург, ки таносуби биноҳо ва хиёбонҳояш ба ҳеч ваҷҳ ҳамхонӣ надорад. Ва ин шаҳри миллионҳо орзӯи шикаста низ ҳаст. Шаҳре, ки дар марказаш, ё ҳамон Манхетени маъруф бо тамоми салобату шукӯҳ осмонхарошҳову маркази тиҷориву майдони яхи маснуъӣ ва дарахтони маснуъӣ ҷилваи назаррабо дораду дар хиёбонҳои атроф сиёҳпустонеро ҳар сари қадам метавон назора кард, ки талбандагӣ мекунанд. Бархе аз онҳо саксофон менавозанду бархеи дигар сурудеро бо оҳангу садои ҳазин замзама мекунанд. Гӯӣ нолаи дардолуди нобарорӣ ва нобаробарӣ аз гулӯи онҳо танини ғамангезтар дорад.

Ню-Йорк дар нигоҳи ман як шаҳри маснуъист. Ин ҷо ҳатто дарахтони маснуъиро метавон ба тамошо нишаст, яъне тани хушкидаи дарахтро ба чароғ озинбандӣ кардаанд ва рӯзи аввали сафари мо ба Ню-йорк, ки ҳаво боронӣ ва тира буд, ин дарахтони дурахшон ҷолиб ба назар мерасид. Дар асл шояд ҳамеша ҷолиб бошад. Вале барои мане, ки зебоиро дар воқеият ва самимияти табиату офаридаҳои Худо мебинаду мешиносад, ин зебоии маснуъӣ ҷаззобияти онучонӣ надошт. Баракс бардоштеро дар ниҳодам шакл дод, ки ин ҷо воқеъӣ будан камтар ба мушоҳида мерасаду атроф пур аз сохтаҳову бофтаҳои маснуъист.

Дар маркази Рокфеллер, ки дар чандқадамии меҳмонхонаи макони истиқрори мо қарор дошт, дар атрофи майдони яхи маснуъӣ дар қатори парчами тамоми кишварҳои ҷаҳон парчами Тоҷикистон низ ҷой дошт, ки мо бо ифтихор барои роҳбалад онро нишон додем ва барои хотира зери парчами кишвар акс гирифтем.

Ҳамеша дар Ню-Йорк ин ҳама зебоиро ва он ҳамаосмонхарошҳоро медидам дар мағзам байте аз таронаи як овозхони муҳоҷири эронӣ чарх мезад:

Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хок фиребост, вале хоки Ватан нест.

Шаҳри афсонаҳову афсонаҳои бегона

Шомгоҳон. Дар фазои шаҳраки Санкт-питербург (иёлати Флорида) оромии роҳатбахш ва насими форами дарё ҳукмфармост. Пас аз осмонхарошҳо ва сарусадои азимшаҳри Ню-йорк воқеан ин оромӣ ва муҳите саршор аз зебоӣ афсонаро мемонад. Дар хиёбони шафати меҳмонхонаи Хилтон ҳамроҳи Рустаму Роза қадам мезадем. Роза Шапошник мегӯяд; дар Фейсбук навиштам, ки ба шаҳри афсонаҳо омадам. Бархе ҳамкорон шигифтзада шуданд.

Ба худ меандешам, намедонам, ки шигифти он дӯстонро чи омилесту мабно, аммо агар ин ҷо мебуданд ва он ҳам пас аз сарусадову осмонхарошҳои Ню-йорк, шояд барои тамоми умр шигифтзада ва мафтуни чунин сукути таскинбахш ва зебоии оромишзо мешуданд. Ин ҷо ҳамеша ҳавои баҳорист ва саросари шаҳрак огандаи як атри дилкаши ба худ хосест. Чунин ҳавои атрогин бештар хоси шаҳракҳои соҳилӣ ва ҷазираҳои обод мебошад. Албатта дар ҳар кадом аз онҳо сайёҳ атри хосеро мешамад ва ҳеч кадом ба дигаре комилан монанд нест. Ман ёди ҷазираи Кеши Эрон ва шаҳракҳои Аморати муттаҳидаи Араб дар соҳили Халиҷи Форс меуфтам. Он ҷо ҳам инсонро чунин ҳолат фаро мегирад.

Дарвоқеъ дар бораи афсонавӣ будани ин мулк ва афсона. На ин мулк бо ҳама зебоиҳояш аз мост ва на ин афсона. Мо мулки худу афсонаҳои худро дорем, ҳарчанд ин мулк шояд ҳанӯз ба он ҳаде. ки арзандааст. обод нест ва он афсонаҳо метавонад поёни хубе надошта бошад...

Аҳолии ин шаҳраки ҷазираӣ бештар солхӯрдагон ҳастанд. Яъне онҳое, ки тавони молӣ доранд, пас аз ба нафақа баромадан ба ин ҷо куч мебастаанд. Ҳамон тавр ки зикр шуд, ин ҷо зимистон нест ва ҳаво ҳамеша муътадил аст. Дар зимн яке аз бузургтарин осорхонаи Салвадор Дали низ дар ҳамин шаҳрак ҷой дорад.

Мулоқоте дар шаҳраки Санкт-питербург дар донишгоҳи ба номи Понтер анҷом гирифта низ хотирмон буд. Хонум Келли Мкбриде устоди ҳамон донишгох аст. Дар бораи нақши рӯзноманигории иҷтимои, хубиҳо ва бадиҳои он нақл кард. Расонаҳои иҷтимоӣ имрӯз дорад нақши аслиро ба худ ихтисос медиҳанд, аз ҷумла беш аз 60 дар сади муроҷиаткунандагон барои дарёфти хабар ба расонаҳои иҷтимоӣ пайваст мешаванд, яъне манбаашон ҳамон расонаҳост. Таъкид мекунад, ки ҳоло хеле аз рӯзноманигорон аз тариқи ин расонаҳо барои худ хонанда ҷалб мекунанд. Лизо агар рӯзноманигоре дар Твитер ё Фейсбук саҳифа дошта бошад вақти қарордод бастан бо идораи нашрияе ҳатман таъкид мегардад, ки ин сафҳа мутааллиқ ба рӯзноманигор нест, балки моли идора аст. Зеро пушти ин саҳифа муштарӣ ҳасту нашрия мехоҳад онро ба худ ҷалб намояд.

Ҳамчунин ба шигардҳои рӯзноманигорӣ ишора мекунаду мегӯяд: агар перомуни як мавзӯъро такрор ба такрор бинависед оҳиста -оҳиста мардум ба он бовар мекунанд. Албатта ману Рустами Ҷонӣ ба рӯзноманигорӣ будани фаъолият дар расонаҳои иҷтимоӣ мухолифат мекунем. Вале бардошти умумӣ ин гуна буд, ки ба назар мерасад ин хонум бештар ба дунболи таблиғи Фейсбук ва умуман расонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ё шояд ба афсона перомуни нақши ҳалкунанда доштани сомонаҳои иҷтимоӣ дар таҳаввулоти олами араб дигар худашон ҳам бовар карданду мехоҳанд моро низ ба он бовар бахшанд?

Ноогоҳӣ ё бовари кӯри амрикоиҳо

Ба назар мерасад мардуми Амрико дар сиёсат фаъол нестанд. Ин ҷо фарҳанг шуда, ки дар интихобот намояндаи худро интихобот кунанду дигар сарнавишти худу кишварро ба дасти ӯ биспоранд. Шояд онҳо ба хираду усули сиёсии интихобкардаҳояшон бовар доранд, вале воқеъият собит карда, ки хираду усули онҳо ҳамеша қурбонии манфиатҳо шудааст. Албатта манфиати мардуми Амрико не, балки манфиати чанд пулдоре, ки соҳиби ширкатҳои азиму фаромиллиянд ва бақои Исроилро ҳам аз назари молӣ бештар ҳамонҳо таъмин мекунанд. Умуман дар сиёсати хориҷӣ худро ба сифати наҷотбахши инсоният ва пуштибони ҳар чи хубиҳо вонамуд кардану барои исботи ин андешаи ботил ба ин ё он кишвар лашкар кашидан ва ё алайҳи ин ё он кишвар ҳатто бар зарари манфиати мардуми Амрико иқдомҳоеро пиёда кардани сиёсатмардони амрикоӣ барои манн нофаҳмо ва боиси коста гаштани ҷойгоҳи ин кишвар шудааст.

Дар масъалаи Эрон ҳам мардум маълумоти дуруст надорад ва ҳар чизе сиёсатмадорону расонаҳо мегӯянд ба он бовар доранд. Ин дар ҳолест, ки ҳеч як аз расонаҳои Амрико дар мавриди масоили хориҷӣ усули беғаразӣ надорад. Ин ки хабареро бидуни ҳеч мавзеъгирӣ нашр мекунанд як ҷиҳати масъала аст. Дар бисёр ҳолат бо шигарди аҷибе бисёре аз хабарҳоро, ки дар ростои манфиаташон саҳеҳтараш манфиати соҳибони расона нест, ба нашр намерасонанд. Ҳатто дар баъзе ҳолат расонаҳо расман мавзеъи худро эълон мекунанд, масалан дар замони интихобот ошкоро аз мавзеъи як номзад пуштибонӣ мекунанд. Ҳатто бархе расонаҳо расман ва ҳамеша аз мавзеъи яке аз гурӯҳҳои сиёсӣ ё молӣ пуштибонӣ мекунанду барои тақвияти ин мавзеъ матлаб пахш менамоянд. Дар чанд мисол метавон ноогоҳии мардум ва нақши расонаҳоро дар тағйири афкори умумӣ зикр кард. Масъалаи ҳуҷум ба Ироқ, ки дар асл шармсории Амрикост, ҳанӯз арзёбии воқеӣ нашудааст. Масъалаи фурӯ рехтани Маркази ҷаҳонии савдо, ки мардумро бовар кунондаанд кори дасти гурӯҳи Усома бен Лодан буд, ҳанӯз норушан аст. Пазируфтани ин, ки амалиёт кори дасти Алқоида буд, ба назари банда ҷуз бештар аз ҳад нишон додани тавоноии Усома ва тарафдоронаш ва оҷизии ниҳодҳои амниятии Амрико чизи дигаре нест. Ва инак имрӯзҳо доғтарин мавзӯъ ин масъалаи барномаи ҳастаии Эрон аст. Расонаҳо ин қадр таблиғ кардаанду сиёсатмадорон дар ин бора ҳарф задаанд, ки на фақат мардум, балки худашон низ ба ин дурӯғу афсонаашон бовар кардаанд. Бовар кардаанд, ки новобаста аз изҳороти мақомоти расмии Эрон ва бозрасони байналмилал, ки таъкид доранд барномаи ҳастаии Эрон сулҳомез аст, ҳатман ин барнома дар ростои ҳадафҳои низомист. Аммо чаро ба худ иҷоза медиханд, ки нисбати як кишвари мустақил ин ҳама шубҳа дошта бошанд? Кӣ ба онҳо чунин ҳақро дода, ки дар мавриди фаъолияти ин ё он кишвар тасмим ва натиҷагирӣ дошта бошанд? Магар Амрико қозии байналмилалист? Ба ҳар сурат вақте дар ин гуна мавзӯъҳо суҳбат мешуд, ҳамеша ба ёди ман латифае меомад. Рӯзе Афандӣ аз кор бармегашта, ки дар назди хонааш як гуруҳи азими бачаҳо ҷамъ шудаву бо сару садои зиёд бозӣ мекунанд. Афандӣ барои халосӣ аз кудакҳо дурӯге сари ҳам карда гуфт, ки дар сари кӯча як бех чормағз буд ва ҳоло меваааш чунон рехта, ки ҳама доранд ҷамъ мекунанд. Кудакон ба мӯву риши сафеди Афандӣ нигоҳ карда ба ҳарфҳояш бовар кардан ба тарафи чормағз давидаанд. Афандӣ шӯру шавқи кудаконро тамошо карду дудила шуд ва пеши худ гуфт: накунад дурӯги гуфтаам рост бошад. Ва баъд аз чанд сония халтае гирифту худ низ аз паи кудакон давид...

(давомаш дар шумораи оянда)

Зафари Суфӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!