Бахшҳо

«Барқи тоҷик» фурӯши барқро ба хориҷа зиёд кард. Аммо сарнавишти 161 ҳазор доллар норӯшан аст

Бо вуҷуди камбуди барқ дар дохили кишвар, «Барқи тоҷик» дар моҳи аввали соли равон ба хориҷа 23 миллион киловатт/соат барқ содир кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 54,7 фоиз зиёд аст.


Тибқи иттилои Агентии омор маблағи фурӯши барқ ба хориҷа 643 ҳазору 200 доллари амрикоиро ташкил додаст, ки ин сари ҳар киловатт камтар аз 2,8 сентро ташкил медиҳад.    Масъулини «Барқи тоҷик» ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон нархи як киловатт барқро барои хориҷиён 3,5 сент/киловатт арзёбӣ намуданд.Тибқи ин нишондод маблағи фурӯши 23 миллион киловатт барқ ба хориҷа бояд 805 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Пас суол бармеояд, ки 161 ҳазору 200 доллари боқимонда куҷо шудааст?

Фурӯши барқ ба хориҷа дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар Тоҷикистон сар аз 11–уми октябр маҳдудияти барқ ҷорӣ шуда, мардуми навоҳӣ ҳамагӣ 6-7 соат бо барқ таъминанду халос.  Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон содироти барқро дар фасли сармо барои таъмини амнияти хатҳои интиқоли пайввасткунандаи Афғонистону Тоҷикистон зарур медонад. Ӯ мегӯяд: «Мо хати нави сохташудаи Сангтӯда–Пули Хумриро таҳти ҷараён қарор додаем, ки то ноқилҳоро набурранд, симчӯбҳоро накананд».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)