Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Нархи бензин дар Тоҷикистон то 5 сомонӣ коҳиш меёбад

24 феврал 2012, 09:29

Дар Тоҷикистон дар назар аст, ки нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба таври назаррас поин равад.


Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҳафтае пеш як гурӯҳии кории ҳукумат дар Маскав муваффақ шудааст, ки бо Русия оиди оиди бе пардохти боҷи содиротӣ ворид намудани 170 ҳазор тонна бензин ва 132 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ созишнома бандад.

Тоҷикистон сар аз 1-уми феврал зимни интиқоли як тонна бензин аз Русия дар ҳаҷми 354 доллар боҷи содиротӣ месупорад, ки дар муқоиса бо нишондоди охири соли гузашта 12 доллар арзонтар аст. Ҳаҷми боҷи содиротӣ барои маҳсулоти рўшани нафтии дигар аз аввали сол наздики 10 доллар коҳиш ёфта, айни ҳол  259 долларро барои як тонна ташкил медиҳад.

Коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, дар натиҷаи гузашти Русия, ки имкон додааст 170 ҳазор тонна бензин ва 132 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ бе пардохти боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шавад, хароҷоти ширкатҳои воридкунанда сари ҳар тонна то 350 доллар коҳиш меёбад ва мувофиқан нархи як литр бензин ҳам бояд ҳадди аққал 1 сомонию 60 дирам коҳиш ёфта, ба 5 сомонӣ баробар шавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!